Имрӯз (05.10.2023) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Масъалаҳои муосири математика ва татбиқи он” бахшида ба 75-солагии ДМТ, 20 солаи омӯзиш ва рушди илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ, солҳои 2020-2040 ва 85-солагии академики АМИТ, доктори илмҳои физикаю математика Раҷабов Нусрат бо иштироки олимону муҳаққиқон аз сохторҳои илмию таълимии дохил ва хориҷи кишвар конфренсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи ҳамоиш муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои химия, профессор Сафармамадзода Сафармамад ҳузури меҳмонони конференсияи байналмилалиро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, афзуд, ки бо эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои дақиқ аз пештара бештар гардидааст. Ҳамзамон гуфта шуд, ки Нусрат Раҷабов аз ҷумлаи аввалин олимонест, ки муодилаҳои дифференциалӣ ва интеграллӣ, ки коэффитсентҳои онҳо ва ядрои онҳо махсусияти дараҷаи баланд доранд омӯхта, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Ҳоло ӯ ба ҳайси профессори кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва роҳбари илмии гурӯҳи илмӣ-тадқиқотии “Муодилаҳои бисёрченакаи намуди Волтерра бо ядроҳои қайдкардашудаи сингулярӣ ва супер-сингулярӣ ва тадбиқи онҳо” фаъолият намуда истодааст. Бо роҳбарии ӯ зиёда аз 20 нафар олимони ҷавон рисолаи номзадиро дифоъ намудаанд.
Дар идомаи нишаст декани факултети механикаю математика И. Қосимов суханронӣ намуда, иброз дошт, ки бо мақсади дуруст ва хубтар омӯхтани паҳлуҳои муосири илми математика конфренсияи мазкур ба роҳ монда шудааст.
Дар идомаи конфренсия меҳмонону мутахассисон аз хориҷи кишвар, аз ҷумла аз Федератсияи Русия ва намояндагони донишгоҳу донишкадаҳои кишвар роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни омӯзиши илмҳои дақиқ маърӯза намуданд.
Ёдовар мешавем, ки конфренсия аз чор бахш иборат буда, давоми рӯз идома ёфта, наздик ба 50 маърӯза барои таҳлил ба нақша гирифта шудааст.