14 марти соли 2020 дар кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии факултети таърих дар мавзӯи «Суннатҳои Сомониён ва таъсиргузории он дар фарҳангу тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик» конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ баргузор гардид.
Дар кори конференсия муаррихон, бостоншиносон, мардумшиносон, санъатшиносон ва дигар донишмандон иштирок ва суханронӣ намуда, доир ба масъалаҳои омӯзиши таъриху фарҳанги замони Сомониён, таърихнигории маҳаллӣ ва рушди он дар замони Сомониён, ҷуғрофия дар қаламрави Сомониён ва таъсири он дар таҳаввулоти рушди илм, ҷилваҳои ҳунар ва меъморӣ дар қаламрави Сомониён ва таъсиргузории он дар Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик, сиккасозӣ ва муомилоти пулӣ дар қаламрави Сомониён, нақши Роҳи Абрешим дар эҷоди иртиботи Шарқу Ғарб, таъсири шаҳрсозӣ ва шаҳрдории аҳди Сомониён дар минтақа ва ҷаҳон суханронӣ намуданд.
Дар нишаст таъкид шуд, ки мақсад аз баргузории чунин ҳамоиш бузургдошти корномаи Сомониён мебошад ва маҳз ӯ буд, ки нахустин давлати мутамаркази тоҷикон эҳё ва бунёд гардид.