Дар замони муосир, ки илму технология бо суръати кайҳонӣ рушд мекунад ва равандҳои ҷаҳонишавӣ тамоми паҳлуҳои ҳаёти башариятро фаро мегиранд, инсоният бо як қатор таҳдидҳо ва хатарҳои глобалӣ рӯбарӯ шудааст. Дар қатори терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, яке аз ҷиноятҳои даҳшатбор ва фаромиллӣ, ки шараф ва ҳуқуқҳои бунёдии инсонро поймол мекунад, савдои одамон мебошад.
Ин падидаро бидуни муболиға «ғуломии муосир» меноманд. Мутаассифона, савдои одамон имрӯз ба як тиҷорати сердаромади ҷиноӣ табдил ёфтааст, ки тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, солона миллиардҳо доллар фоидаи ғайриқонунӣ меорад. Ин масъала на танҳо мушкили як давлат ё минтақа, балки фоҷиаи умумибашарист, ки устувории иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва амнияти миллии кишварҳоро зери хатар мегузорад. Савдои одамон раванди ҷалб кардан, интиқол додан, супоридан, пинҳон кардан ё қабул кардани одамон бо мақсади истисмори онҳо мебошад, ки бо истифода аз зӯроварӣ, таҳдид, фиреб ё суиистифода аз вазъияти ноҷои қурбонӣ сурат мегирад.
Аз нуқтаи назари иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ, савдои одамон шаклҳои гуногун дорад. Аз љумла, истисмори шаҳвонӣ (бештари қурбониёни ин намуд занон ва духтарони ҷавон мебошанд, ки бо ваъдаҳои сохтаи кор дар хориҷа ба дом афтода, маҷбур ба фоҳишагарӣ ва дигар шаклҳои истисмори ҷинсӣ мешаванд), меҳнати маҷбурӣ (ин шакл бештар мардонро фаро мегирад, ки дар соҳаҳои сохтмон, кишоварзӣ ё саноат дар шароити ғайриинсонӣ ва бидуни пардохти музди меҳнат кор мефармоянд), қочоқи аъзои бадан (яке аз шаклҳои хатарноки ҷиноят, ки ба саломатӣ ва ҳаёти инсон таҳдид мекунад), гаддоии маҷбурӣ ва ҷалби кӯдакон ба ҷинояткорӣ (истифодаи қишрҳои осебпазири ҷомеа, махсусан кӯдакони бесарпаноҳ, барои ба даст овардани даромади муфт) ва ғайраҳо мебошанд.
Сабабҳои асосии рушди ин ҷиноят пеш аз ҳама сатҳи пасти зиндагӣ, бекорӣ, қашшоқӣ ва хоҳиши ёфтани кори сердаромад дар хориҷа одамонро маҷбур мекунад, ки ба пешниҳодҳои шубҳаноки миёнаравҳо бовар кунанд. Сониян, надонистани қонунгузории ҳуқуқии кишвари худ ва кишваре, ки ба он сафар мекунанд, қурбониёнро беҳимоя месозад. Инчунин назорати нокифояи равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ заминаро барои фаъолияти шабакаҳои ҷиноӣ ҳамвор мекунад. Дар бисёр мавридҳо атрофиён нисбат ба қурбониёни истисмор бетарафӣ зоҳир мекунанд ё онҳоро маҳкум менамоянд, ки ин боиси боз ҳам бештар пинҳон мондани ҷиноят мегардад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ кайҳо боз дарк кардааст, ки муборизаи танҳо ба танҳо бо ин вабои аср натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Асоси ҳуқуқии муборизаи байналмилалиро Протоколи Палермо (соли 2000), ки Протокол дар бораи пешгирӣ, рафъ ва ҷазо додани савдои одамон, махсусан занон ва кӯдакон мебошад ва ба Конвенсияи СММ қарши ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ илова шудааст, ташкил медиҳад.
Дар заминаи ин ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ, аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории миллии худро такмил доданд. Дар кишвари мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди савдои одамон» қабул шудааст ва дар Кодекси ҷиноятӣ барои ин амал ҷазоҳои сахт пешбинӣ гардидаанд. Илова бар ин, Комиссияи умумимиллӣ оид ба мубориза бар зидди савдои одамон фаъолият мекунад, ки ҳамоҳангии миёни мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиро таъмин менамояд.
Гарчанде ки заминаи ҳуқуқӣ мустаҳкам аст, аммо дар амалия мушкилоти зерин ба назар мерасанд:
– трансформатсияи ҷиноят ба фазои маҷозӣ (интернет) – имрӯзҳо ҷалбкунандагон (вербовщикҳо) бештар аз шабакаҳои иҷтимоӣ (телеграм, фейсбук ва ғайра) ва сомонаҳои сохтаи корёбӣ истифода мебаранд, ки ошкор кардани онҳоро душвор месозад.
– мушкилии исботи ҷиноят, яъне қурбониён аз тарси интиқом ё бинобар фишори равонӣ аксар вақт аз додгоҳ ва ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даст мекашанд.
Савдои одамон на танҳо ҷиноят ба зидди қонун, балки зарбаи шадид ба равони инсон аст. Шахсоне, ки аз гирдоби ин ҷиноят раҳо мешаванд, ба депрессияи амиқ, синдроми стресси пас аз осеб (PTSD) ва тарсҳои музмин гирифтор мешаванд. Онҳо эътимоди худро ба ҷомеа ва одамон гум мекунанд.
Барои аз байн бурдани ин падидаи номатлуб зарур аст, ки таваҷҷуҳи асосӣ на танҳо ба ҷазо додани ҷинояткорон, балки ба пешгирии он равона карда шавад. Чораҳои зарурӣ барои таҳкими мубориза ин баланд бардоштани маърифати иттилоотии аҳолӣ. Масалан, гузаронидани аксияҳо, семинарҳо ва суҳбатҳо дар муассисаҳои таълимӣ ва маҳаллаҳо. Мардум бояд донанд, ки ҳангоми сафар ба хориҷа чӣ гуна ҳуҷҷатҳоро омода кунанд ва ба кӣ муроҷиат намоянд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд сомонаҳо ва гурӯҳҳои шубҳанокеро, ки бо ваъдаи маоши баланд дар хориҷа эълонҳо паҳн мекунанд, зери назорати қатъӣ гиранд. Инчунин ҳамкории зич бо бахши хусусӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, яъне ширкатҳои сайёҳӣ ва агентиҳои корёбӣ бояд аз санҷиши ҷиддӣ гузаранд. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар навбати худ метавонанд дар таъсиси марказҳои бӯҳронӣ барои қурбониён кӯмак кунанд. Бояд хатҳои мустақими боварӣ таъсис дода шаванд. Хатҳои телефонии шабонарӯзӣ ва бепул, ки шаҳрвандон метавонанд дар ҳолати хатар ё барои машварат ба онҳо занг зананд.
Савдои одамон як мушкилоти дастаҷамъист. Ҳеҷ як давлат ва ҳеҷ як фард наметавонад худро аз ин хатар комилан эмин намояд, агар дар ҷомеа бетарафӣ ҳукмфармо бошад. Озодӣ ва қадршиносии инсон арзишҳои олӣ мебошанд, ки ҳеҷ кас ҳуқуқи хариду фурӯш ва поймол кардани онҳоро надорад. Муборизаи муваффақ дар ин самт на танҳо аз қонунҳои қабулшуда ва фаъолияти полис, балки аз масъулияти шаҳрвандии ҳар як узви ҷомеа вобаста аст. Танҳо тавассути муттаҳид кардани талошҳои давлат, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҳар як фард, мо метавонем ин занҷири ғуломии муосирро бишканем ва ояндаи бехатарро барои насли наврас таъмин созем. Инсоният бояд исбот кунад, ки арзиши ҳаёти инсон аз ҳар гуна манфиатҳои моддӣ болотар аст.
Қаландарзода К.Қ – дотсенти кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон








