ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ ЧИНӢ

601

Имрӯз (02.06.2022) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ бо иштироки сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба омӯзиши забони чинӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ гуфта шуд, ки озмун миёни муҳассилини марказҳои таълимӣ-омӯзишии забони чинии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, аз ҷумла марказҳои Конфутсий роҳандозӣ шудааст.

Зимни баргузории чорабинӣ ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ташрифи сафири муҳтарам Ҷи Шумин ва намояндагони марказҳои таълимӣ-омӯзишии забони чинии дар Тоҷикистон амалкунандаро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, баргузории чунин чорабинии таълимӣ- фарҳангиро заминаи рушди ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ намуд.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин зимнан аз ҳамкориҳои судманд бо ДМТ, аз ҷумла бо Институти Конфутсийи назди ДМТ изҳори хушнудӣ намуда, барои рушди ҳамкориҳои минбаъда ва баргузории чунин озмунҳо андешаҳои ҷолиб иброз дошт.

 Баъд аз суханронии намояндагони марказҳои омӯзишии забони чинӣ ва барномаи рангини фарҳангӣ-фароғатӣ ғолибони озмун муайян шуда, бо онҳо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Чорабинӣ бо гирифтани акси хотиравӣ хотима ёфт.