ОМОДАГӢ БА ОЛИМПИАДАҲО

868

Дар толори ба номи профессор Ш. Ҳусейнзода вохӯрии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо дастаи олимпии донишгоҳ доир гардид.

Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҷиҳати омодагӣ ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ ва саҳми устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар ин озмунҳо суханронӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ гуфта шуд, ки ДМТ яке аз муассисаҳои бонуфузи олии касбии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола дастаи олимпии он дар миёни дастаҳои олимпии муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ мавқеи хоссаро ишғол менамояд.

«Баргузории олимпиадаҳо донишҷӯёнро барои азхудкуни илмҳои дақиқ мусоидат намуда, яке аз омилҳои баланд бардоштани нуфузи илми донишгоҳ мегардад. Мақсад аз баргузории олимпиадаҳо сабқат байни донишҷӯёни лаёқатманд буда, тавассути ин озмунҳо ҷавонони болаёқатро дарёфт ва онҳоро барои тарбияи минбаъда роҳнамоӣ месозем» -афзуд ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х..