ҶОНИБДОРӢ АЗ СИЁСАТИ ВАРЗИШПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

208

Имрӯз (21.02.2024) бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати ҷонибдорӣ аз пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол Ҳамоиши ҷавонону варзишгарон ва сокинони пойтахт баргузор гардид. Дар ин чорабинии пуршукӯҳ дар баробари намояндагони сохторҳои гуногуни кишвар ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи милли Тоҷикистон, таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. иштирок намуданд.
Баҳри пуршукӯҳ баргузор гардидани чорабинии мазкур устодону кормандон ва донишҷӯёни фаъол: донишҷӯёни гирандаи стипендияи Президентӣ, ғолибону иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, «Илм – фурӯғи маърифат», гурӯҳи ҷавонон – донишҷӯёни «Пайравони Пешвои миллат” ва бахши ҷавонони донишгоҳ, инчунин, варзишгарони донишгоҳ иштирок намуда, бо бардоштани Парчами миллӣ эҳтиром ба ливоро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ, арзиши бебаҳои миллӣ ва ҳамчун ифтихори ҷавонони саодатманд ба ҷо оварданд. Ҷавонони саодатманди Донишгоҳи миллӣ бо нидоҳои ватандӯстона дар даст шиору овезаҳо фаъолона ширкат варзиданд.
Таъкид бояд кард, ки пазируфтани Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби СММ дар рушди робитаҳо ва тарғиби дастовардҳои соҳаи варзиш мусоидат намуда, яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихӣ дар соҳаи варзиш ба ҳисоб хоҳад рафт.