• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 14
Ҳамасола 14 феврал дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб (International Book Giving Day) таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон низ дар ин рӯз барномаҳои гуногуни маърифатӣ доир мегардад. Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ ба рушду нумӯи соҳаи китобдорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ҳамин аст, ки бо Амри Асосгузори сулҳу...
Дар шароити муосир масъалаи ташаккули тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ва насли наврас яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, барои рушду тараққиёти соҳаҳои алоҳидаи ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад. Бо ин мақсад имрӯз (13.02.2024) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар ҳошияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» доир гардид,...
Аз 4 то 7 феврали соли 2024 дар шаҳри Эл-Кувайти давлати Кувайт 14-умин намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони ҷаҳон баргузор гардид. Дар ин намоишгоҳи сатҳи баланди байналмилалии пайванди илм бо истеҳсолот дар қатори 65 кишари хориҷӣ 10 нафар олимону профессорон ва ихтироъкорон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Аз ҷумла аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон6 нафар устодон: доктори илмҳои химия, профессорон...
Имрӯз таҳти ин унвон дар доираи нақша-чорабиниҳои Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат конференсияи илмӣ-назариявӣ барузор гардид. Конференсия бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С. оғоз ёфт. Дар кори конфронс директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат Шарипов Ҷамолиддин, профессорони факултаи таърих Қаҳҳори Расулиён ва Шарифов Раҳмоналӣ маъруза намуданд.
Аз 4 то 7 феврал дар Давлати Кувайт таҳти унвони «Онҷое, ки сармоягузорон бо ихтироъкорон бо ҳам дидор менамоянд» Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии ихтироъкорӣ дар Ховари Миёна мегузарад, ки дар он ихтироъкорону олимони тоҷик низ иштирок доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар медиҳад.
Ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. дар идомаи сафари корӣ дар Ҷопон аз Донишгоҳи Васэдаи Ҷопон боздид намуда, бо намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳи мазкур мулоқот намуд. Дар мулоқот ҷонибҳо мақсади вохӯриро дар густариш додани ҳамкориҳои ДМТ ва Донишгоҳи Васэдаи Ҷопон баён намуда, ҳамзамон, ҷиҳати ташкил намудани курсҳои забономӯзӣ ва ҳамоишҳои...
Дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷопон сафари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марказҳои илмию технологияҳои Ҷопон ба роҳ монда шудааст. Дар ин ҳайат Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ректори донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Илёс Ғаффорзода ва мудири кафедраи мутолиоти аврупоӣ, дотсент Акбаршоҳ Наҷмиддинов намояндагӣ доранд.
Бо мақсади таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати татбиқи бандҳои “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои солҳои 2021-2025" дар Донишгоҳи миллӣ пайваста бо омӯзгорону донишҷӯён вохӯриҳои судманд баргузор карда мешавад. Чунин вохӯрӣ дар...

Эълонҳо