• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 16
Дирӯз дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Дониш»-и донишгоҳ дар соли 2023 ва вазифагузорӣ барои соли 2024 ҷаласаи васеъ баргузор гардид. Дар ҷаласа Мирзозода И. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Каримзода Н. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва ҳайати устодону...
Таҷлили ҷашнҳои гуногуни таърихӣ, аз ҷумла Сада аҳамияти калони тарбиявию ватандӯстӣ доранд. Сада панҷоҳ шабонарӯзро то фарорасии Наврӯз дар бар гирифта, аз наздик омадани фасли баҳору оғози корҳои кишоварзӣ мужда мерасонад. Бо мақсади сазовор таҷлил намудан аз ҷашни Сада имрӯз (22.01.2024) бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ...
Бо мақсади беҳтар гардонидани фаъолияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ бо иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боздидҳои ректори донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. бо сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва вохӯриҳои корӣ ба роҳ монда шудааст. Имрӯз баҳри омодагӣ ба нимсолаи нави таҳсил боздиди навбатии ректори донишгоҳ аз биноҳои таълимии факултетҳои иқтисодии донишгоҳ: факултетҳои баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ ва иқтисод ва идора...
Соҳаи гумрук яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ ба шумор меравад. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки вазифаҳои сиёсати гумрукии имрӯзаи ҳар як давлат дар дарёфт намудани роҳҳои бомуваффақияти инкишофи иқтисодӣ мебошад. Мақсад аз сиёсати иқтисодиро пеша намудани кишвар низ маҳз беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва рушду тараққӣ додани иқтисодиёти кишвар ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ мебошад.
Дар партави дастуру супоришҳо ва иқдомҳои бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба “Шаҳри сабз” ва “Шаҳри гулрез” табдил додани пойтахти азизамон-шаҳри Душанбе дар ин замина ободонӣ, кабудизоркунӣ ва хуррамгардонии ҳар як гӯшаи он дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пайваста шанбегиҳои...
Имрӯз (19.01.2024) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи илмию назариявӣ дар мавзуи «Нақши Паёми Пешвои миллат дар рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш Абдуллозода Масрур – мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Обидов Фозил – раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси...
Дар вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. бо кормандону устодони факултетҳои таърих, журналистика ва муносибатҳои байналхалқӣ самтҳои гуногуни фаъолияти сохторҳои мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт. “Ҳайати устодону кормандони факултетҳои мазкур барои беҳтар гаштани сифати таҳсилот нақши калидӣ доранд ва рушд намудани илму таълим аз онҳо вобасдагии зиёд дорад....
Бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ташаббуси Парки технологии донишгоҳ ҳамасола миёни донишҷӯён, унвонҷӯён, доктарантон ва ҳайати устодону профессорон, инчунин, хонандагони Литсейи равияи табиию риёзии назди донишгоҳ озмуни корҳои беҳтарини иннаватсионӣ гузаронида мешавад. Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани фаъолияти илмиву инноватсионии хонандагони литсей, донишҷӯён, унвонҷӯён, докторантон ва ҳайати устодону профессорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, тақвият додани...
Сада яке аз ҷашнҳои зебову қадимаи миллати некноми тоҷик аст, ки таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Вожаи сада аз шумораи (сад) ва пасванди (а) сохта шудааст. Дар баъзе луғатномаҳо вожаи сада ба маънои аср, қарн яъне сад сол низ меояд. Чунончи, садаи 20, 21 ва ғайра. Вале, аслан сада ҷашн аст, ки даҳи баҳман,...

Эълонҳо