• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 18
Дар Институти педагогии Туркманистон ба таври маҷозӣ олимпиадаи IV–уми интернетӣ аз фанни физика баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни факултети физика фаъолона ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Аз ҷумла, Қурбонзода Муҳсин – магистранти курси якуми ихтисоси физика соҳиби ҷойи дуюм, Шарипова Анаҳито ва Лоиқзода Алиакбар – донишҷӯёни курси...
Таҳти ин унвон имрӯз (30.12.2024) дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати милли - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш ҳайати устодону кормандон ва муҳаққиқони ҷавони Донишгоҳ иштирок доштанд. Баъд аз садо додани Суруди...
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад. Ба ин муносибат ҳамаи шумо – вакилони муҳтарамро табрик мегӯям. Соли...
Тамошои Паёми Асосгузори сулҲу ваҲдати миллӢ –Пешвои миллат, Президенти ҶУМҲУРИИ ТоҶикистон муҲтарам ЭмомалӢ РаҲмон ба МаҶлиси Олии ҶумҲурии ТоҶикистон аз ҷониби ҳайати бисёрҲазорнафараи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 28.12.2024
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳтироми калонсолон ва кумак намудан ба оилаҳои эҳтиёҷманд раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пайваста бо масъулияти баланд дар остонаи ҳар як ҷашну маросим саховату мурувват нишон медиҳад. Дар арафаи таҷлили соли нави мелодии 2025 таҳти роҳбарии...
Рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сохторҳои илмию таълимии Федератсияи Русия дар ҳоли рушд қарор дорад. Дар доираи ин ҳамкориҳо баргузории чорабиниҳои гуногуни илмию таълимӣ ва тарбиявию иттилоотӣ гузаронида мешавад. Яке аз чунин чорабиниҳои омӯзишӣ, тарғиботӣ ва иттилоотӣ ин семинари байналмилалии "Суҳбат бо Русия. Ғалабаи умумӣ – хотираи умумӣ” («Разговор с Россией. Общая Победа – общая память») мебошад,...
Дар доираи нақшаи фаъолият дар соли 2024 Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии омӯзгорони МТОК курси такмили ихтисосро аз рӯйи равияи “иқтисодӣ” дар мувофиқа бо роҳбарони донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор намуд.
Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз зиёд мегардад. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ боқи мемонад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст. Дар солҳои 1941-1945 зиёда аз 300 ҳазор ҷанговарони Тоҷикистон...
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пояи кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллии факултети иқтисод ва идора, санаи 21-уми феврали соли 2025 конференсияи байналмилалии илмию амалиро дар мавзуи «Рақамикунонии идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ: ҷанбаъҳои ташкилӣ-иқтисодӣ» баргузор менамояд. Дар конференсия масоили зерин баррасӣ мешаванд: Равандҳои трансформатсионии рақамикунонии иқтисодиёт дар ҳошияи ҳадафҳои олии...
Ҷиҳати таҳкими тарбияи ватандӯстии ҷавонон, тарғиби арзишҳои маънавӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон имрӯз (19.12.2024) вохӯрии намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ, аз ҷума донишҷӯёне, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил шуда буданд, баргузор шуд. Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои...

Эълонҳо