• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 4
Имрӯз (05.09.2025) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию назариявӣ таҳти унвони «Пешвои миллат – кафили соҳибистиқлолӣ ва зиндагии шоиста» баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Дилрабо Мансурӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Ҳамоиш бо садо додани Суруди...
Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ дар асоси ҳамкориҳои дуҷониба ба иттилоъи ҳайати профессорон ва омӯзгорон мерасонад, ки Донишгоҳи давлатии Чувашия дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи давлатии Гродненский ва Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд - 16 Конференсияи байналмилалии таълими-методиро дар мавзуи “Таҳсилоти олии муосир: мушкилоти замон ва роҳҳои ҳалли имрӯза” таърихи 3.10.2025 сол баргузор менамоянд. Пешниҳод мегардад, ки ҷиҳати...
Ҳамасола дар саросари Тоҷикистон Рӯзи дониш ва дарси сулҳ – 1-уми сентябр ҳамчун санаи гиромидошти илму маърифат ҷашн гирифта мешавад, ки ин аз таваҷҷуҳи доимӣ ва эҳтироми хоссаи Ҳукумати мамлакат ба аҳли илму маориф гувоҳӣ медиҳад. Имрӯз (01.09.2025) дар толори калони Донишгоҳ оғози соли нави таҳсил ва дарси сулҳ чун анъанаи солҳои гузашта бо шукуҳу шаҳомат таҷлил...
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои мудири кафедраҳои тахассусии зерини факултети тиббӣ озмун эълон менамояд: 1) Мудири кафедраи анатомияи одам; 2) Мудири кафедраи эпидемиология ва беморияҳои сироятӣ; 3) Мудири кафедраи терапия. Талаботи тахассусӣ барои ишғоли вазифаи мудири кафедра чунин мебошад: - донистани...
Имрӯз (1.08.2025) дар толори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки масъул аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Анвар ва роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни Донишгоҳ, инчунин, беш аз 30 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар...
Ба диққати рӯзноманигорон расонида мешавад, ки санаи 1-уми августи соли 2025, соати 9:00 дар бинои марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (хиёбони Рӯдакӣ 17) нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаи фаъолияти ин боргоҳи илму маърифат дар нимсолаи аввали соли 2025 баргузор мегардад.
Имрӯз дар маросими тантанавии супоридани дипломҳои аълочӣ ба беҳтарин донишҷӯёни ихтисосҳои гуногуни Донишгоҳ, ду ҷавони соҳибистеъдод ва хушзеҳни кишвар - Раъно Насриддинова (Раънои Хуршед) ва Шукронаи Тоҳирӣ иштирок доштанд. Ин ду чеҳраи болаёқат бо ғолибият дар Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа шинохта шудаанд. Онҳо таҳсилро дар ихтисосҳои гуногуни Донишгоҳ дар зинаҳои...
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бузурги илмию таълимӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар баланд бардоштани маърифату худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос мақому манзалати хосса дорад. Ин нукта имрӯз (28.07.2025) зимни супоридани дипломҳои аъло ба хатмкунандагони Донишгоҳ аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуфта шуд. Ба ин муносибат дар толори калони...
КОРНОМАҲОИ ҶОВИДОНАИ ПЕШВОИМУАЗЗАМИ МИЛЛАТ(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ КОРНОМАҲОИ ҶОВИДОНАИ ПЕШВОИМУАЗЗАМИ МИЛЛАТ(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ) «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат падидаи истиқлоли давлатиро армуғони тақдир намешуморад. Ба ин рӯйдод аз чаҳорчӯбаи таърихи беш аз панҷҳазорсолаи миллати тоҷик менигарад. Таъкид месозад, ки ормони истиқлолият аз нахустин...
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ) ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ АЗ ДИДГОҲИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат падидаи истиқлоли давлатиро армуғони тақдир намешуморад. Ба ин рӯйдод аз чаҳорчӯбаи таърихи беш аз панҷҳазорсолаи миллати тоҷик менигарад. Таъкид месозад, ки ормони истиқлолият аз нахустин лаҳзаҳои шаклгирии миллати тоҷик арзи...

Эълонҳо