• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 40
Имрӯз вохӯрии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони факултети фалсафаи донишгоҳ баргузор гардид. Зимнан ректори донишгоҳ оид ба фаъолияти раванди таълиму тарбия ва илму равобити байналмилалии факултет суханронӣ намуда, пешниҳод кард, ки дар заминаи факултет ташкили ихтисосҳои навӣ мутобиқ ба раванди замон ва таъсиси клиникаҳои равоншиносию   сиёсатшиносӣ талаботи замон мебошад. Гуфтда...
Имрӯз бо ибтикори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистони факултети муносибатҳои байналхалқӣ дар мавзӯи «Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар шароити навини геополитикӣ ва дурнамои рушди он» ҳамоиши илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ ба муносибати Рӯзи кормандони хадамоти дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори конференсия намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва сохторҳои дипломатӣ ва илмии ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бо мақсади беҳтар гардонидани фаъолияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ бо иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон силсилавохӯриҳои ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Баҳри натиҷагирӣ аз вохӯриҳои қаблӣ тибқи нақша суҳбати навбатии ректори донишгоҳ бо ҳайати устодону кормандони факултети забонҳои Осиё ва Аврупо...
Ҳамасола 29 – уми сентябр Рӯзи кормандони хидмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯзи хотирмон аввалин маротиба аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун субъекти худсолори робитаҳои байналмилалӣ ба тамоми...
Ҳамасола дар чанде аз давлатҳои ҷаҳон ҳафтаи охири моҳи сентябр бахшида ба Рӯзи Конфутсий ҷамъомади илмӣ-фарҳангӣ ташкил ва баргузор гардонида мешавад. Имрӯз (28.09.2023) бо ин муносибат дар пояи Донишкадаи таълимию фарҳангию Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ -фароғатӣ гузаронида шуд. Дар чорабинӣ роҳбарони сохторҳои гуногуни донишгоҳ таҳти роҳбарии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х....
Имрӯз (28.09.2023) дар доираи нақшаи баргузории вохӯриҳои ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ вохӯрӣ бо коллективи факултети филологияи тоҷик доир гардид. Дар вохӯрӣ самтҳои мухталифи фаъолияти факултет мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар вохӯрӣ, аз ҷумла барои назорати ҷиддӣ намудан аз раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ҷалби магистрон барои...
Имрӯз дар фазои иттилооти ҷаҳонӣ дар мавриди мазмуну муҳтаво ва роҳу равиши инъикоси мавод баъзе тағйиру такомулот сурат гирифтааст, ки тарбияи мутахассисони ватандӯст дар риштаи рӯзноманигорӣ талаботи замон аст. Таваҷҷуҳи бештар ба бедории завқ ва такмили андешаи созанда, худогоҳиву худшиносӣ ва ахлоқу маънавият бояд дода шавад. Аз ин лиҳоз, тарбия намудани рӯзноманигорони...
Имрӯз (28.09.2023) бо ибтикор ва ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 75-солагии фаъолияти ДМТ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Душанбе мусобиқаи ҳарбӣ-амалӣ байни донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни ифтитоҳи чорабинии мазкур ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иштирок намуда, зикр намуд, ки ҳамарӯза дар донишгоҳ...
Имрӯз намояндагони Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд таҳти роҳбарии директори минтақавии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Туркманистон хонум Айтен Рустамова ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварданд. Дар оғоз меҳмонон бо роҳбаладии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои факултетҳои иқтисодии донишгоҳ ҷойгир аст, боздид намуданд. Сипас дар толори калони...
Имрӯз (27.09.2023) дар вохӯрии навбатии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо устодону кормандони факултети филологияи рус самтҳои гуногуни фаъолияти факултет мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимнан таъкид шуд, ки самти омӯзиши забони русӣ роҳҳои нави усули таълимро талаб менамояд ва лозим аст, ки дар заминаи факултет Синфхонаи лингофонӣ баҳри омӯзиши забонҳои русию англисӣ...

Эълонҳо