• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 41
Имрӯз сафири Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Моҳаммад Фаҷрол Раҳман ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим, профессор Собирзода Н.М. вохӯрӣ анҷом дод. Дар мулоқот робитаҳои илмӣ, эҷодӣ ва омӯзишии ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Индонезия баррасӣ гардид. Меҳмони олиқадр ҳадафи ташрифи худро таҳким бахшидани ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти олии Индонезия...
Имрӯз (26.09.2023) дар толори фарҳангии Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими супоридани шаҳодатномаи стипендияи сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин, сардори Раёсати муносибатҳои байналхалқии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ...
Дар доираи баргузории хонишҳои сиёсӣ ва дарсҳои ватандӯстӣ дар партави Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дарси сулҳи Пешвои миллат, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» барои...
Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни вохӯрии навбатӣ бо устодону кормандони факултети геология фаъолияти сохторҳои мухталифи факултетро мавриди таҳлил қарор дод, иброз дошт, ки дар самти ташкили озмоишгоҳҳои муосир бари омӯзиши масъалаҳои геологӣ тадбирҳои тоза андешида шавад. Муҳимтарин масъалаҳое, ки ректори донишгоҳ таваҷҷуҳи махсус намуданд, ин навиштани мақолаҳои илмии тақризшаванда дар сатҳи байналмилалӣ, сари...
Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ (1207-1273) аз нобиғагони сухан ва абармардони олами адаб, фурӯзонтарин ситорагони осмони фарҳанги Машриқзамин, дурахшонтарин чеҳраҳои шеъру адаби форсӣ ва илму адёни ҷаҳонист. 30 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад. Ҳамасола ба ин муносибат дар Донишгоҳи миллӣ ҳамоишҳои гуногунсатҳ доир мегардад. Имрӯз (26.09.202З)...
Тавре иттилоъ дода будем, бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва дар ин замина таҳким бахшидани дӯстию рафоқат миёни устодону кормандони донишгоҳ ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ миёни устодону кормандони донишгоҳ мусобиқаи варзишии валейбол раҳондозӣ гардид. Имрӯз дар вазъияти тантанавӣ дастаҳои ғолиб муаррифӣ ва ҳавасманд гардонида шуданд. 1.Дастаи раёсати донишгоҳ - ҷойи l;
Бо мақсади беҳтар гардонидани фаъолияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ бо иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон силсилавохӯриҳои ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Акнун, богузашти нимсолаи таҳсил силсилавохӯриҳои навбатӣ таҳия ва гузаронида мешаванд. Имрӯз (25.09.2023) баҳри натиҷагирӣ аз вохӯриҳои қаблӣ тибқи нақша суҳбати судманди ректори донишгоҳ бо ҳайати...
(Аз ифтитоҳи Озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ то насби камераҳои назоратии овозӣ) Имрӯз (23.09.2023) дар заминаи амалишавии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо дастгирӣ ва иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар факултети биологияи донишгоҳ Озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба омӯзиши механизмҳои мутобиқшавии системаҳои зинда кушода шуд. Дар ифтитоҳи озмоишгоҳи мазкур...
Бунёдгузори адабиёти форсу тоҷик устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ сермаҳсултарин шоири форсу тоҷик буд, ки мероси адабии ӯ таваҷҷуҳи аҳли адабро бештар ҷалб кардааст. Ҳамасола, санаи 22-юми сентябр дар саросари ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар аксар муассисаҳои олӣ ва миёнаи ҷумҳурӣ ҳамоишҳои сатҳашон гуногун ташкил карда мешавад.  Ба ин муносибат...
(Чанд андеша дар ҳошияи рисолаи Саймумин Ятимов “Эҳёи      миллат - бақои миллат”) “Донаи гандуми зери хок намедонад, ки ӯ фардо - сабаби эҳёи зиндагӣ мешавад” (Аз номаи Сервантес) Ин рисолаи басо муҳимми илмӣ, ки муҳаррики баҳси пур аз эҳсосоти меҳанпарастӣ мебошад, қариб 25 сол дер иншо шуда аст....

Эълонҳо