• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 63
Имрӯз (06.03.2023) фазои Донишгоҳи миллӣ фасли зебои сол – баҳорро мемонд. Бонувони донишгоҳ, аз ҷумла устодону кормандон ва донишҷӯдухтарон бо либоси баҳорӣ Рӯзи модар – 8-уми мартро истиқбол мегирифтанд. Бо ташаббуси ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бахшида ба ин рӯз дар толори калони Донишгоҳи миллӣ чорабинии тантанавии идона баргузор гардид.
Маҳфили ширу шакар бо Рӯдобаи Мукаррам Дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба истиқболи Рӯзи модарон – 8-уми март маҳфили навбатии «Хирадманд» бо иштироки шоираи маҳбуб, бонуи муваффак, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рӯдобаи Мукаррам баргузор шуд. Дар маҳфил устодону донишҷӯён ва дӯстдорони шеър иштирок намуданд. Маҳфил...
Санаи 2-юми март дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия дар заминаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов Анҷумани 15-уми Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё баргузор гардид. Дар кори Анҷуман роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии бонуфуз аз давлатҳои АвруОсиё ширкат доранд. Дар Анҷуман аз муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ, хусусан намояндагони ДМТ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода...
Баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқию сиёсии ҷавонон, пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо миёни онҳо, ҳамбастагии ҷавонон, таҳкими сулҳу суботи ҷомеа, инчунин, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, тарбия намудани онҳо дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки зимни вохӯрии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ баррасӣ гардиданд.
Имрӯз (02.03.2023) дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи акушерӣ ва гинекологии факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи умумидонишгоҳии илмию амалӣ дар мавзӯи «Бемориҳои саратонии узвҳои ҷинсии занон» баргузор гардид. ар кори конференсия сардори шуъбаи ахбори илмию техникӣ Абдуллозода Р., и.в. декани факултети тиббӣ Иззатуллоев А., профессори кафедраи акушерӣ ва...
Дар вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони факултети таърих самтҳои гуногуни фаъолияти он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба устодони факултет дар самти иштироки фаъол дар озмунҳо, нашри васоити таълимӣ, дифои рисолаҳои илмӣ, истифодаи дурусти тахтаҳои электронӣ, омода намудани кадрҳои донишманд, иштироки донишҷӯён дар олимпиадаҳои...
Институти илмию таҳқиқотии ДМТ дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабиниҳои илмию амалиро бо донишгоҳҳои беруни кишвар ба роҳ мондааст. Имрӯз (01.03.2023) бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020 -2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”...
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои бузурги таҳсилоти олии касбӣ ба шумор рафта, дар баробари омода намудани кадрҳои илмӣ, инчунин, кадрҳои омӯзгорӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ ва миёнаи касбӣ саҳми арзанда дорад. Бо ин мақсад дар доираи нақша-чорабиниҳои шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имрӯз (01.03.2023) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён вохӯрии муовини...
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон анъанаи некест, ки дар оғози ҷаласаи васеи Шурои олимон, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дастовардҳои самтҳои гуногуни донишгоҳро муаррифӣ ва бо туҳфаҳои хотиравию мукофотпулӣ қадрдонӣ менамоянд. Имрӯз чунин рӯйдоди хотирмон дар ҷаласаи васеи Шурои олимон доир гардид, ки чанде аз дастовардҳои устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ муаррифӣ ва қадрдонӣ шуданд.
Имрӯз бо ташаббуси раёсати ДМТ дар пояи Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат дар мавзӯи "Нақши Пешвои миллат дар омӯзиши масоили мубрами таърихи халқи тоҷик" мизи мудаввар баргузор гардид. Ҳамоиш бо сухани муқаддимавии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз гардид. Ректори донишгоҳ қайд карданд, ки Пешвои миллат бо навиштани осори ба таърихи халқи тоҷик бахшидаи хеш консепсияи нави омӯзиши...

Эълонҳо