МАСЪАЛАҲОИ ИҚТИСОДӢ ДАР ПАЁМ

293

Муқаддимаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”-ро масъалаҳои иқтисодӣ ташкил медоданд ва ин як амри табиист. Зеро, асоси заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат ба беҳбуд бахшидани авзои иқтисодии кишварамон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволи халқ равона гардидааст. Аз ҷониби дигар мусаллам аст, ки ташаккули низоми таркибии тамоми ҷараёнҳову соҳаҳоро набзи иқтисодии ҳаёти ҷомеа самт бахшида, онҳоро зери таъсири пайваста ҳам нигоҳ медорад. Ба ин ваҷҳ ҳама нуқтаҳои Паёми имсола бо масъалаҳои иқтисодӣ пайванди мантиқии қавиеро нигоҳ медоранд.

Таҳлилҳову натиҷагириҳои Роҳбари давлат дар масъалаҳои иқтисодӣ ба таври маҷмӯӣ асоснок буданд ва пешрафту таҳкими низоми иқтисодӣ хеле хуб бозгӯ гардиданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки “…маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.” Дар ҳақиқат ин далел бозгӯи он аст, ки истиқлоли иқтисодии кишвар торафт таҳким меёбад ва қатъи назар аз мушкилоту буҳронҳои мавҷудаи ҷаҳонӣ устувории иқтисодии Тоҷикистон таъмин мебошад. Пеш овардани таҳлилҳову натиҷагириҳои Роҳбари давлатамон гувоҳи он аст, ки сатҳи камбизоатӣ ба таври назаррас дар ҷумҳуриамон паст гардидааст.

Пешравию таҳаввулоти ҳар як давлатро буҷети ғаниву устувор таъмин намуда, як омили амиқи танзимкунандаи тавозуни иқтисодӣ дар тамоми соҳаҳо ба шумор меравад. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо шарофати роҳбарии оқилонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон динамизми инкишофи низоми иқтисодӣ сол то сол ҷараёни мусбату натиҷабахшро соҳиб гардида, қатъи назар аз монеаҳои душвори дар даҳсолаи аввали солҳои соҳибистиқлолӣ вуҷуддошта Тоҷикистон бо истеҳсолоти дохилӣ дар масъалаи ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ бо қадамҳои устуворона пеш меравад. Ҷои инкор нест, ки Тоҷикистони азизи мо марҳилаҳои душвору хатарноки буҳронҳои иқтисодиро паси сар намудааст ва алҳол дар фазои осоишта дар пайи таҳаввулотҳои азими иқтисодӣ қарор гирифтааст. Нишондиҳандаҳои иқтисодии соли 2023 дар ҷумҳурии мо бо вуҷуди мушкилоту буҳронҳои мураккаби ҷаҳонӣ қаноатбахшу умедворкунанда мебошанд. Чуноне ки Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, “…қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд”.

Тавре ишора гашт, алҳол дар баробари авзои мураккаби сиёсии ҷаҳони муосир дурнамои тираи иқтисодии ҷаҳонро мушаххас намудан ниҳоят душвор мебошад. Таҳримҳо ва мубодилаҳову робитаҳои нави иқтисодӣ натанҳо давлату кишварҳои алоҳида, балки минтақаҳои бузургро таҳти таъсири манфӣ қарор додаанд. Талабот ва қонунияти соҳаи иқтисодӣ дар кулли ҷаҳон ин аст, ки ҳар як низом барои натиҷабахш гардидан бояд давраҳову марҳилаҳоро тай намояд. Феълан махлут ва шикаста гардидани низому системаҳои зиёди иқтисодии солҳои тӯлонӣ инкишофёфта дар ҷаҳон сабабгори ба буҳронҳо гирифтор гардидани далатҳои зиёди сайёра гардидаанд. Хушбахтона Тоҷикистон дар чанд давраҳои ин гуна мушкилоти ҷаҳонӣ монеаҳои гуногунро убур карда тавонист. Аз ҷумла, даромади буҷети давлатӣ дар ин давраҳо натанҳо пурра таъмин гардид, балки ба бахшҳои алоҳида равона гардидани он ба пешравиҳои алоҳида мусоидат ҳам намудааст. Тавре дар Паём зикр гардид “…танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад”.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҷрибаву малакаи бузурги давлатдорӣ аз рӯи ихтисосашон иқтисодчӣ мебошанд ва дар робита ба ин ҳама нозукиҳои системаи иқтисодиро дарк менамоянд. Таҳлилҳо ва хулосаву натиҷагириҳои Роҳбари давлат дар Паём асоснок буданд ва аз ҳар нуқтаи суханрониҳояшон дарк намудан мумкин аст, ки ҳадафу мароми доимияшон баланд гардонидани сатҳи зиндагии халқи азизашон мебошад. Қобили таҳсин аст, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натанҳо дар Паёмҳои солонаашон, балки дар ҳама мулоқоту суҳбатҳояшон бо истеъдоди фавқуллодаашон аз ҳолату авзои иқтисодии ҷомеа дар доираи факту асноду рақамҳо огаҳ мебошанд. Хеле хушоянд аст, ки дар заминаи муқоисаҳову таҳлилҳо дар зиндагии ҳар як сокин кишварамон пешравию таҳаввулро шоҳид мебошем: “Даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид. Музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардид”.

Ҳамагон аз Паёми имсола воқиф гардидем, ба таври маҷмӯӣ дар соли 2024 ҳаҷми маошу нафақаву стипендияҳо дар ҷумуҳурӣ аз 30 то 40 фоиз баланд бардошта мешавад. Ҳамин тасмиму иқдоми навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон далели он аст, ки низому суботи иқтисодӣ дар кишвари мо таъмин мебошад. Албатта, ин тамоюл ба он асос аст, ки бо тай кардани муваффақонаи зинаву марҳилаҳо истиқлолияти иқтисодии мо устувортар гашта истодааст. Ба нигоҳи қиёсӣ ба ин масъала, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуданд: “Дар ҳафт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар зиёд гардид”.

Тоҷикистон дар пайи амалӣ гардонидани нақшаҳову барномаҳои бузурге дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ қарор дорад. Агар гӯем, ки ҳадафи чоруми стратегии давлату ҳукумат ба таври комил таҳаввулоти иқтисодии ҷумҳурӣ мебошад, хато нест. Тоҷикистон дар минтақа ба кишвари бузурги саноатӣ табдил хоҳад ёфт. Дар ин самт масъулияту садоқату самимияти ҳар як сокини кишварамон ба ватану сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумати кишварамон нақши бузурге дорад. Чун Тоҷикистони моро таҳаввулотҳои бузурге дар пеш истодааст, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тарбияи фарзанд ва ҳамчун кадрҳои соҳибихтисос ба камол расонидани онҳо ишора карданд, ки фарогири чандин паҳлуҳост. Дар ҳақиқат насли ояндасоз – меъмор, муҳандис ва мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон бояд бошанд, ки меҳнату заҳмати онҳо омили пешрафти иқтисоди миллӣ мегардад.

Масъалаҳои иқтисодӣ дар Паёми имсола қариб дар тамоми бахшҳои он алоқамандиву робитаи мантиқӣ доштанд. Аз таъкидҳои алоҳидаи Роҳбари давлатамон аз Паём бармеояд, ки дар пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ нақши соҳибкорони бонангу ватандӯст ночиз намебошад. Дар чанд соли охир ин падида ба як анъана табдил ёфта, пеш аз ҳама, муҳаббату садоқати ватандӯстии соҳибкоронро нисбат ба ватану диёри маҳбубамон нишон медиҳад. Ҳамчун як шохаи муҳими иқтисодӣ дар чанд соли охир бо дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахши соҳибкорӣ рушд менамояд. Ҳамагон шоҳиданд, ки Роҳбари давлат бо онҳо чандин маротиба суҳбату мулоқотҳои озоду самимӣ барпо намудаанд ва ин падида низ натиҷаҳои неки худро дода истодааст. Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳбудӣ бахшидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ чанд маротиба таъкид гардид. Муроҷиат ба соҳибкорони ватанӣ ва изҳори қаноатманӣ аз онҳо ин қабл аз ҳама мавҷудияти фазои эътимоду боварӣ ба онҳост. Ба таври мисол “…танҳо дар соли 2023 соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода супориданд”. Ё, ин ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёди 75 дидбонгоҳи сарҳадӣ ин қабл аз ҳама нишони нангу ҷавонмардӣ ба ҳисоб рафта, баъдан як далели суботи иқтисодии ҷомеа аст.

Тавре дар боло ишора гардид, ҳадафи чоруми стратегиии давлату ҳукумат ин ба шакли куллӣ ба вуҷуд овардани таҳаввулоти ҳаёти иқтисодии Тоҷикистон аст. Бо суръату сифати баланд бунёд гардидани НБО-и Роғун ин заминаи таҳаввулоти азими саноатии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Соҳаи энергетика дар Ватани мо имрӯзу оянда таҳрикдиҳандаи рақами як дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ мебошад. Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки “…дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои навсозӣ ва таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 85,7 миллиард сомонӣ равона карда шудааст”. Яъне соҳаи энергетикии кишвар ба таври доимӣ дар мадди назар ва назорати қатъии Роҳбари давлатамон қарор дорад. Рушди минбаъда ва ба кор андохтани неругоҳҳои нав дар ин самт Тоҷикистонро ба содиркунандаи бузурги барқ дар минтақаву ҷаҳон табдил медиҳад. Бо мавҷуд будани имконоту шароити табиӣ дар Паём таъкид гардид, ки “…суръати корҳои асосноккунии техникӣ ва лоиҳакашии неругоҳҳои барқи обии «Шӯроб» бо иқтидори 1000 мегаватт дар дарёи Вахш, «Санобод» бо иқтидори то 500 мегаватт дар се марҳала дар дарёи Панҷ – қисмати ноҳияи Рӯшон ва «Чарсем» дар дарёи Ғунди ноҳияи Шуғнон бо иқтидори 14 мегаватт… тезонида шавад”.

Умуман, Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти ҳассос будани авзои ҷаҳони муосир масъалаҳои иқтисодии ҷомеаро дар меҳвари худ қарор дода буд ва албатта, дар чанд саҳифа баррасиву фаро гирифтани ҳамаи он ғайриимкон аст. Масъалаҳои дурнамои бахшҳои хусусӣ, воридоту содирот, таъмину таъсиси ҷойҳо нави корӣ, таҳкиму устувории буҷети давлатӣ, масъалаҳои зиёди молиявӣ, ҳолат ва авзои сармоягузорӣ, рушду тавсиаи соҳибкорӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, татбиқи лоиҳаҳову барномаҳои гуногуни иқтисодӣ, низоми натиҷабахши ислоҳоти иқтисодӣ, рушди соҳаи энегетикии кишвар ва амсоли ин дар ҳамбастагиву робита бо ҳамдигар мавриди зикр қарор доштанд, ки бозгукунандаи сиёсати созандагиву бунёдкории Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт,

ректори ДМТ,

доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор