• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 69
Дар доираи амалишавии ҳадафи чорум - саноатикунонии босуръати кишвар ва иҷрои нақшачорабиниҳои дар ин самт гузошташудаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати такони ҷиддӣ бахшидан ба пешрафти саноат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи ҷумҳурӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин...
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади рушди минбаъдаи низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО), ҳамкориро бо Хадамоти федералии мониторинги молиявии Федератсияи Россия ва Маркази байналмилалии омӯзишӣ - методии мониторинги молиявии ин кишвар баҳри омода намудани мутахассисони ватанӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО дар мактабҳои олии Федератсияи Россия...
Имрӯз (13.02.2022) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври умумидонишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»–оинаи таърихи миллат» оғоз гардид. Озмуни мазкур дар ҳошияи Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 7-уми июли соли 2022 таҳти № АП-227 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров роҳандозӣ гардидааст.
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо Раиси Шурои парасторони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, доктор Шамш Кассим-Лакха, декани Мактаби илмҳои гуманитарӣ, табиатшиносӣ ва дақиқи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, доктор Максим Борисович ва мудири иҷроияи донишгоҳи мазкур Музаффар Ҷорубов мулоқот намуданд. Дар мулоқот ректори донишгоҳ меҳмононро оид ба зарфияту имкониятҳо, сохтор ва ҳайати устодону кормандон, вазъи...
Имрӯз (10.02.2023) сафири Ҷумҳурии Италия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Агостино Пинна ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. мулоқот намуд. Дар мулоқот ҷонибҳо аз муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, мақсади вохӯриро дар густариш додани самтҳои илму таълим арзёбӣ намуданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо...
Дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи кормандони дипломатии Федератсияи Русия” Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Григорев Семён Вячеславович дарси кушод доир намуд, ки дар он устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва намояндагони дипломатии...
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) имрӯз (09.02.2023) бо ибтикори Институти илмию таҳқиқотӣ назди донишгоҳ ва факултети физика дар пояи кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо конференсияи ҷумҳуриявии илмию – амалӣ дар мавзӯи «Моделсозии математикӣ ва компютерии равандҳои физикӣ» баргузор гардид.
Дар доираи нақша - чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати шиносоии наздик бо зисту зиндагонии донишҷӯён ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо донишҷӯёни хобгоҳҳи №6 ва №8-и донишгоҳ вохӯрии судманд доир намуд. Дар оғоз ректори донишгоҳ оид ба нуктаҳои гуногуни Паёми Пешвои миллат ва дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон сухан намуд. Дар...
Дар заминаи амалишавии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар пояи кафедраи усули таълими химияи факултети химияи ДМТ Озмоишгоҳи таълимии муосир кушода шуд ва дар ин замина ҷиҳати шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2023 ҳамоиши илмӣ-оммавӣ доир гардид. Дар...
Дар доираи нақшаи кории Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз моҳи январ то ҳафтаи дуюми моҳи феврали соли 2023 курси таълимӣ таҳти унвони “Усулҳои фаъоли таълим” барои омӯзгорони муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардид. Имрӯз (07.02.2023) курси мазкур ҷамъбаст шуд ва дар синфхонаи донишкада маросими супоридани...

Эълонҳо