• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 93
Имрӯз (14.09.2022) бо ташаббуси кафедраи технологияи истеҳсолоти химиявии факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040) дар мавзӯи «Рушди истихроҷ ва коркарди нафту газ дар Тоҷикистон» ба хотири гиромидошти доктори илмҳои химия, профессор Усмонов Раҳматҷон мизи гирди умумиҷумҳуриявии...
Имрӯз (13.09.2022) бо мақсади рушд бахшидани ҳамкориҳои илмию таълимӣ намояндагони ҶСК “Бонки Эсхата” бо роҳбариии сардори департаменти Маркетинг ва рушди бонки мазкур Исматуллоев Фурқатулло ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ, Абдулмуминзода Н.А. мулоқот намуданд. Дар мулоқот ҷонибҳо дар самти дастгирии донишҷӯён ва баланд бардоштани саводнокии молиявии онҳо...
Тавре иттилоъ дода будем дар доираи ҳамкориҳо бо мусоидати раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ва ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода чанде қабл ба Студияи таълимии телевизион ва радиои факултети журналистика дастгоҳу таҷҳизоти пахши барномаҳои радиоӣ оварда шуд ва аввалин барнома бахшида ба Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон дар рӯзи таҷлили ин иди шукуҳманд пахш...
Табрикоти ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз! Имрӯз мову шумо 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро ҷашн мегирем. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ба ҳисоб рафта, он заминаи асосии ба миён омадани тамоми пешрафтҳои халқи тоҷик гаштааст. Аз ин нуктаи...
Имрӯз (06.09.2022) бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода нишасти фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор гардид. Нишаст бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт оғоз ёфт. Ибтидо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. аҳли нишастро ба истиқболи 31-умин...
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳли эҷод беҳтарин шароитро фароҳам сохт ва имрӯз аҳли илм метавонанд дар дохилу хориҷи кишвар ба пажӯҳиши илмӣ машғул шаванду дастовардҳои хешро манзури олимони сатҳи ҷаҳонӣ гардонанд. Яке аз чунин имкониятҳо баргузории озмуну олимпиадаҳои сатҳи байналмилалист, ки бонувони тоҷик дар баробари мардон дар арсаи байналмилалӣ бо ихтирооти хеш номбардори миллату ватан гаштаанд.
Вазифаи имониву виҷдонии ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат ин аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, дар шароити пуртазоди сайёра ва торафт шиддат гирифтани рақобати байни қудратҳои ҷаҳони имрӯза барои тарбияи фарзандон дар руҳияи худогоҳиву худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, илмомӯзӣ, азхуд кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои пешрафта ба хотири пешрафти иқтисодиву иҷтимоии...
Имрӯз (03.09.2022) дар ҷаласаи назоратии назди ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. масъалаҳои муҳимми илму таълим, аз ҷумла сайқал додани сатҳи забономӯзии кормандону донишҷӯёни донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласа вобаста ба суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ироа шуд, масъулин дастуру супоришҳои...
Ректори ДМТ профессор Қобилҷон Хушвахтзода дар остонаи соли нави таҳсил ва дар арафаи Ҷашни Истиқлолият аз номи роҳбарият, раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешниҳоди баъзе ҳадяҳоро ҳамчун амали хайрхоҳона анҷом доданд. Ин иқдом дар доираи дастуру тасмимҳои Роҳбари давлат расонидани баъзе кумакҳо ба донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М....
Имрӯз ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлолият – рамзи саодати миллӣ ва нишонаи пойдории давлат» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар кори конференсия намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо, аз ҷумла бонувони Донишгоҳи миллӣ, иштирок доштанд.Зимни баргузории ҳамоиш иштирокчиён...

Эълонҳо