20 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ДАР ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

292

Бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва мусоидат ба ҷаҳони маънавии тамоми сокинони кишвар ҳама сола дар кишвар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мегардад, ки донишҷуён кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар сабқатҳои озмун дастболоанд. Имсол низ (2023) бо дастуру супоришҳои роҳбарияти кишвар ва таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Прездиенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин озмуни бонуфуз баргузор гардида истодааст.

Дар давраи ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дастаи озмунии донишгоҳ иштирок ва ғолибиятро аз руйи шаш номинатсияи озмунӣ ба даст оварданд. Бо ишғоли 20 ҷойи ифтихорӣ (4 ҷойи 1-ум, 9 ҷойи 2-юм, 7 ҷойи 3-юм) аз рӯйи ҳамаи номинатсия миёни донишҷӯёну кормандони касбу кори гуногун Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал гардид.

Муборак бошад!