Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ироа гардид, бозгӯкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат буда, роҳнамо ва стратегияи қавии ояндабинона дар роҳи ободониву созандагии кишвар маҳсуб мегардад. Ироаи Паём ҳамасола аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба аҳли ҷомеаи Тоҷикистон дар рушди босуботи Ватан, таҳкими пояҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, илм, маориф, фарҳанг ва иттиҳоду ҳамбастагии мардуми шарифи Тоҷикистон нақши созандаву поянда мегузорад. Сарвари давлат дар ҳама паёмҳои худ бо пешниҳоду ташаббусҳои наҷибу некбинона ҳама қишрҳои ҷомеаро ба ояндаи дурахшон рӯҳбаланду ҳидоят менамоянд. Зеро мардуми шарифи Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди иқтисодию иҷтимоӣ ворид гардида, зери сиёсати хирадмандонаву некбинона ва дурандешонаи Пешвои миллат ба сӯйи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст. Озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат” ва ибтикороти солҳои 2019-2021 эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, солҳои 2018-2028 “Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор” ва дигарҳо аз тарафи мардум хуш пазируфта шудаанд. Дар Паёми имсола Сарвари давлат ба муҳимтарин самтҳои ҳаёти кишвар таваҷҷуҳ намуда, роҳҳои боз ҳам ба сатҳи баланд баромадан ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи сазовору хоссаро касб намудани кишварамонро беҳтару равшан баён намуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки саноатикунонии истеҳсолоти кишвар дар Паёми имсола мушаххасан бо ифодаи рақамҳо муайяну возеҳ баҳогузорӣ карда шуд. Яъне Пешвои миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон эълон доштанд, ҷиҳати рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022-2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шавад. Ин пешниҳод мисли дигар ташаббусҳои оқилонаву дурандешона ба манфиати беҳбудии сокинони кишвар ва рушди босуботи кишвар аст. Воқеан имрӯз мо ба ҳадафҳои дар пешистодаамон расида истодаем ва иқдоме, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, шуда истодаанд ин қадами бузург ва саривақтӣ дар зарфи 5- соли оянда мебошад, ки дар амалӣ гардидани ҳадафи чоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Саноаткунонии босуръати кишвар» нақши муҳимро мебозад.
Дигар масъалае, ки ба он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шудааст, ин ҷавонон аст ва 70 фисади аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, аз мадди назари роҳбарияти олии мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дур намонда, ояндагони Ватан ва идомадиҳандаи амалҳои созандаи падарону бузургон ва созандагони фардои ҷомеа эътироф гардидаанд. Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҷавон аз ибтидои солҳои 2000-ум сар карда, ба марҳалаи рушд ворид гардида, ба пешрафти босуботи иқтисодиёт, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо қадами устувор гузошт. Боиси ифтихори мо ҷавонон аст, ки сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати ҷавонпаварона буда, ба неруи ҷавонони кишвар боварии бузург доранд. Ҳанӯз аз нахуст суханонашон дар ҷаласаи шонздаҳуми таърихии Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд дар дили мо ҷавонон бо пайкори созандааш ҳамчун пайкари осоиштагию амният, таҳкимбахши сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон таҷаллӣ гардида, дар афкори ҷавонони муосири кишвар чун ҳомии миллат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пазируфта шудааст. Ин аст, ки Пешвои миллат чун ҳамешагӣ ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи хосса намуданд. Пешвои миллат дар Паёми худ таъкид намуданд, ки «Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат ва давлат дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст. Ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию худшиносӣ, инчунин, ҷалби онҳо дар корҳои ободонию созандагӣ ҳифзи дастовардҳои Истиқолияти давлатӣ ва таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ омода созем».
Ҳамзамон, Пешвои миллат қайд намуданд: “Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”.
Сарвари давлат барои дастгирии ҷавонон – насли ояндасози кишвар як қатор андешаҳои муфид иброз намуданд. 20- фоиз зиёд гардидани стипендияҳо барои донишҷӯён ва дигар намуди стипендияҳо гувоҳ аз ғамхориҳои навбатии падаронаи Пешвои ҷавонпаври миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонони лаёқатманди кишвар аст. Имрӯз дар 25 – давлати ҷаҳон 42 ҳазор ҷавонони тоҷик таҳсили илм менамоянд, ки боиси ифтихору сарбаландии ҷавонони бонангу ори Тоҷикистони соҳибистиқлоламон мебошад.
Мо ҷавонони саодатманди кишвар Паёми Пешвои миллатамонро барномаи кору фаъолияти худ қарор дода барои амалӣ гардидани ҳадафҳои созанда ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода бошем, манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло бардошта, дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз беш аз пеш ҷаҳду талош менамоем.