Таҳти ин унвон имрӯз (30.12.2024) дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш ҳайати устодону кормандон ва муҳаққиқони ҷавони Донишгоҳ иштирок доштанд.
Баъд аз садо додани Суруди миллӣ ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Э.С. суханронӣ намуда, афзуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 муҳимтарин ҳуҷҷати барномавиест, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, дурнамои рушди босуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон, масоили соҳаҳои гуногуни кишвар ҳаматарафа таҳлил ва баррасӣ шудаанд.
Дар идомаи ҷамъомад ректори муҳтарам роҷеъ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат ёдовар шуда, рушди илму маорифро калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат арзёбӣ намуд. Ҳамзамон, ректори Донишгоҳ оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқии Паём ва зарурияти эълон гардидани солҳои 2025-2030 дар Тоҷикистон ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки ҳар як фарди ҷомеа бояд зарурати иқдоми мазкурро дарк намуда, дар рушди донишҳои илмӣ-техникӣ ва инноватсионӣ талош варзад.
Дар идомаи ҳамоиш дотсенти кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи ДМТ Миров Фирӯз Сафаралиевич оид ба мавзуи “Иникоси масъалаҳои иҷтимоӣ дар Паём”, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамии факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ Табарзода Орифҷон Сайдалӣ дар мавзуи “Тақвияти пардохтҳои ғайринақдӣ – вусъати гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат” ва доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи ДМТ Ҷураева Мушаррафа Рустамовна дар мавзуи “Ҷанбаҳои маърифатомӯз ва масъалаҳои маънавию тарбиявӣ дар Паём” суханронӣ намуданд.
Паём баҳри боз ҳам дар сатҳи баландтар ва боз ҳам беҳтар муаррифӣ гардидани Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат менамояд. Яке аз нуктаҳои муҳимтарини Паём – ин, пеш аз ҳама, соҳаи иҷтимоӣ буд ва бори дигар таъкид гардид, ки дар масъалаи маблағгузорӣ соҳаи иҷтимоӣ, махсусан маориф дар Тоҷикистон яке аз ҷойҳои хеле назаррасро ишғол менамояд. Ин сабаб шудааст, ки имрӯз сатҳи дониш ва сифати таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар шуда, барои насли наврас шароити хуб муҳайё гардад.
Ёдрас мешавем, ки ба инобат гирифтану сарбаландона иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми навбатӣ ироа гардиданд, кафили суботу оромӣ ва ифодагару дар амал татбиқ гардидани сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳалли масъалаҳои дар Паём ироагардида кафили зиндагии шоистаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони ҳар сокини мамлакат мебошад.