ПАРЧАМ – ҲАМЧУН РАМЗИ ҚУДРАТУ ТАВОНОӢ

14

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи қудрату тавоноӣ, бузургиву иттифоқӣ, рамзи давлату давлатдорӣ ва барои ҳар як шахс, хосса ба оне ки зода ва парвардаи ин диёри биҳиштосо аст, рамзи ифтихор аз ватану ватандорӣ, аз сулҳу ободӣ, аз таърихи куҳанбунёд ва муқаддасоти миллӣ, ки дар худ таърихи дирӯзу фардои дурахшони миллати бузургу шарафманди халқи тоҷикро ифода менамояд, мебошад.

Парчами миллӣ ифодагари шаъну шараф ва нангу номуси мардуми соҳибтамаддуни тоҷик мебошад, ки дар рагу пайванд ва қалби поки ҳар як фардаш ишқу муҳаббат ва ифтихор доштан маъво гирифтааст.

Халқи тоҷик аз азал яке аз он халқҳои куҳанбунёд мебошад, ки соҳибпарчам аст. Агар баъзе халқияту миллатҳо як марҳилаву давраи маҳдуди парчамдориро соҳиб бошанд, халқи тоҷик дар ин самт муқаддасоти зиёди давлатдориро дар аҳди қадим дошт.

Ҳазорон сол қабл дар саҳифаҳову таърихномаҳои миллати мо мавҷудияти парчам бо вожаи дирафш хеле маъмул буд. “Шоҳнома”-и безаволи Абдулқосим Фирдавсӣ дар заминаи нақлу ривоят ва воқеияти гуногун дар бораи дирафшдории аҷдодони мо нақл менамояд.

Ҳамасола 24-уми ноябр таҷлили иди пуршукуҳ, яъне рӯзи қабули яке аз рамзҳои давлатӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта мешавад.

Эҳтиром овардан ба арзишҳои миллӣ, ки яке аз он Парчами давлатӣ мебошад, ин ифодагари миллӣ, пойдории давлату миллат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқ аст. Мардуми шарафманди тоҷик дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатиро, ки ормони ҳар миллати озодихоҳ аст, ҳамеша муқаддас медорад ва таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи созанда дар фазои ваҳдату якдилӣ сӯйи эъмори ҷомеаи адолатпарвар ва шукуфоиҳои аз ин бештари ватанамон қадам мегузорад.

Имрӯз дар доираи аксҳову наворҳо, ҳамчун сабти таърихӣ шоҳид ҳастем, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин лаҳзаҳову рӯзҳои давлатдорӣ бо нангу номуси баланди ватандорӣ Парчами миллии моро бӯсиданду дар мушкилтарин давраи ҳаёти пурфоҷиаи халқи тоҷик бо ашк назди он садоқатқу аҳди худро нишон доданд ва бо он ҳама аҳду савгандашон содиқ монданд. Ин садоқат дар назди Парчам ба садоқати халқ табдил ёфт. Яъне, дар мушкилтарин лаҳзаҳо Пешвои миллатамон парчамбардор гардиданд ва ин Парчам ҳамчун рамзи иттиҳоду ягонагӣ ваҳдати миллии моро устувор сохт. Парчам самимият, садоқат ва муҳаббати баланди ватандорӣ дар роҳи муттаҳидиву ваҳдат барои як халқи сарсону парешонгашта гардид.

Дар ҳақиқат Парчами миллии мо рамзи садоқату муҳаббати ватандорӣ ва иттиҳоду ҳамгироист, ки хушбахтона зери роҳнамоии Пешвои муаззами миллат ин рисолат ба тамоми маънӣ амалӣ мегардад.

Имрӯз Парчами Тоҷикистон дар болои биношои муҳташам, қисмҳои ҳарбӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, сафоратхонаҳо, донишгоҳҳо ва рӯйи мизи хизмаичиёни давлатӣ дида мешавад. Мардуми бофарҳанги тоҷик бо дидани Парчами худ ифтихор менамоянд. Дар вақти шодиву сурур, ғолибият дар озмунҳои байналмилалӣ Парчами ватани азизамон бо ифтихори баланд боло карда мешавад. Парчами Тоҷикистон дар ҳама ҷо дар дили сокинони кишвар ва дӯстдорони фарҳанги беназири тоҷик, суруру шодмонӣ мебахшад. Ҳангоми садо додани Суруди миллӣ низ Парчами пурнақши Тоҷикистон боло бардошта мешавад, ки дили ҳар як сокини кишварро пур аз ҳаяҷону эҳсосоти ватандориву ватандӯстӣ фаро мегирад.

Имрӯз Парчам ифодагари шукуҳу шаҳомати миллати тоҷик аст. Ҳар як ҷузъиёти Парчами миллии мо дар доираи рангҳову нақшҳо мазмуну мантиқи васеъро дарбар мегиранд. Ин Парчам дар Созмони Миллали Мутттаҳид садои мо, симои мо ва мавҷудияти мо дар баробари 190 давлати дигари ҷаҳон аст. Парчами миллии мо имрӯз дар арсаҳои баланди байналмилалӣ ифодагари ормонҳову маромҳову ҳадафҳои созандаи даҳ миллион нафар халқи тоҷик ба шумор меравад.

Рисолати Парчам дар замони имрӯза ба маротиб бузург аст. Дар ҳама арсаҳо нахуст Парчами давлатии мо аз муваффақияту комёбиҳои мо дарак медиҳад. Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд. Ифтихор аз он дорем, ки чанд даҳсола боз Парчами муқаддаси мо барои оламиён ошнову қарин гардидааст. Аз сулҳсозиву ваҳдат, созандагиву бунёдкориҳо, тасмимҳои бузургу иқдомҳои беназир, сулҳхоҳиву башардӯстӣ ва амсоли ин нахуст Парчами миллии мо ҳикоят менамояд.

Рӯзи Парчами миллиро барои ҳамагон муборак мегӯем ва бигзор ин Парчам роҳнамову рамзи муттаҳидии халқи тоҷик барои ҳазорсолаҳо боқӣ монад.

Шарифзода Нурулло, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМТ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент