ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – РАМЗИ СУЛҲУ ИСТИҚЛОЛ

314

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол дорои рамзҳои давлатии худ мебошад. Конститутсия, Забони давлатӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва Парчами давлатӣ муқаддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Парчами давлатӣ ифодагари сулҳу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ буда, ифтихор аз сарбаландии миллат аст, ки симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум менамояд.

24 – ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шуд ва бо ҳамин дар таърихи парчамдории тоҷикон саҳифаи нав оғоз ёфт. Маҳз дар ҳамин рӯз кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлатӣ гардид.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон 24 – ноябри соли 2021 ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ қайд намуда буданд, “Парчами миллӣ, ки ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми фарҳангсолори мо мебошад, ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос кардааст”

Дар ҳақиқат соҳиби парчами миллӣ будан яке аз рамзҳои асоситарини истиқлолу озодӣ ва давлатдории мустақил ба ҳисоб меравад. Эҳтиром нисбати Парчами давлатӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст. Зеро ин ливои миллат як рамзи махсусси истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ инчунин рамзи ҳастии миллат ба шумор меравад..

Халқи тоҷик аз қадимулайём дорои парчами худ буданд ва онро бо номҳои гуногун ифода менамуданд. Дар “Шоҳнома»” – и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ тамоми рукнҳои давлатдорӣ таҷассум ёфта, мафҳуми дирафш ё дурафш ҳамчун яке аз рамзҳои давлатдорӣ ҷойгоҳи махсус дорад.

“Дирафш” аз вожаи дирафшидан, дурахшидан, рӯшноӣ додан, партавафкандан ва тобидан сохта шудааст ва ба маъноҳои парчам, алам, аломату байрақ омадааст.

Муҳаммад Ғиёсуддин дар “Ғиёс-ул-луғот” вожаи мазкурро чунин маънидод кардааст:

”Дурафш порчаи қумоши сегӯша, ки ба зар мунаққаш карда бар сари алам банданд. Ва чун маънии дурафшидан ва ларзидан аст, инро дурафш аз он гӯянд, ки аз бод меларзад”.

Сайид Муҳаммад Алӣ дар “Фарҳанги Низом” ин вожаро чунин маънидод кардааст: “Порчайе, ки бар сари чӯби баланд банданд ва ҳар фавҷи лашкар бо худ дорад, ки номҳои дигараш байрақ, парчам аст”.

Дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” бошад, ба чунин маъно омадааст: “Дирафш – байрақ, алам, ливо. Дурафшидан – дурахшидан, барқ задан, тобидан”.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин шакл дорад:

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷа буда, дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст, ки рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар аст, рахи сафеди мобайн якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга мебошад. Дар рӯйи рахи сафед, аз ҷойи чӯбдаста дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тасдиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтааст.

Таносуби бару дарозии умумии Парчам 1:2 аст.

Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷа ҷой дошта шудаанд, ки паҳлӯи амудиашон 0,8 паҳлӯи уфуқиашон 1,0 паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой гирифтаанд.

Тоҷи баландиаш 0,55-и паҳнои рахи сафед ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2-и паҳнои рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0,2 – рахи сафед васл гардидаанд.

Парчами давлатӣ аз се ранг иборат аст, ки ҳар як ранг маъноҳои гуногунро ифода мекунанд.

Ранги сурх – ин рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – рамзи покӣ, озодагӣ, роҳи сафед ва бахту иқболи нек, ранги сабз – рамзи ҳаёт, сарсабзиву хуррамӣ, созандагиву бунёдкорӣ мебошад. Дар парчам инчунин тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дода шудааст. Тоҷ – рамзи шукӯҳу шаҳомат, рамзи давлат, соҳибдавлатӣ ва истиқлолият аст.

Ҳамин тариқ дар ҳама давру замон парчам ҳамчун муқаддасоти давлатӣ, рамзи сулҳу истиқлолият, давлату давлатдорӣ ва ифтихори мо, тоҷикон маҳсуб меëбад.

Бо мақсади гиромидошти ин рамзи муқаддаси миллӣ 20 – уми ноябри соли 2009 бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 – ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид, ки ин рӯзи муборак ҳамасола бо шукӯҳ таҷлил мегардад.

Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, ки дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе Парчами миллӣ дар баландии 165 метр парафшонӣ менамояд, ки ин аз истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу субот дарак медиҳад.

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!

Файзова Парвина – докторанти Ph.D-и факултети филология

Саидзода Сарвиноз – докторанти Ph.D-и факултети фалсафа