ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО!

378

Рӯзи Парчами давлатӣ дар Литсейи табиию риёзии ДМТ

Имрӯз (23.11.2023) дар Литсейи табиию риёзии ДМТ чорабинии фарҳангию фароғатӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд ва бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарияту намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ иштирок намуда, омӯзгорону толибилмони литсейро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуданд.

Чорабинии тантанавӣ бо сухани табрикотии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз гардида, мавсуф перомуни муқаддасоти кишвар, аз ҷумла бузургдошти Парчами давлатӣ сухан гуфт. Тазаккур дода шуд, ки Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдату ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Таъкид гардид, ки таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Парчами давлатӣ – ин эҳтирому арҷгузорӣ ба он, бозгӯи якдилӣ ва якдигарфаҳмӣ ва дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Зимнан Маҳмудов И.Т. – мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДМТ ва Миров Фирӯз – дотсенти кафедраи сотсиологияи факултети фалсафа оид ба ҷанбаҳои гуногуни қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақому манзалати он сухан намуданд. Зикр шуд, ки Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузаштаи худ ва ғамхорӣ ба фардо буда, вай яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ маҳсуб мешавад. Бо дидани Парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди халқу миллати хеш боло мегирад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати миллӣ, шукуфоии кишвар, истиқлолияти комил ва умед ба фардои нек мебошад. Дар фазои тантанавӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои ватандӯстӣ ва садоқату эҳтиром ба арзишҳои милливу муқаддасоти давлатист. Аз ин рӯ, рӯзи қабули Парчами давлатӣ санае фархундаест, ки моро ба иттиҳоду ҳамбастагӣ ва ифтихор аз давлатдорӣ даъват менамояд.

Дар рафтичорабинии фарҳангию фароғатӣ ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ ва муҳассилини Литсей бо хондани сурдҳои ватандӯстӣ, Парчам ва Нишон барномаи рангинеро пешкаши ҳозирин сохтанд.