ПЕШГИРӢ АЗ АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ

644

Дар доираи нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон санаи 24.11.2021 дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён вӯхӯрии сарнозири Сарраёсати пешгирии коррупсияи АНДМ ва МК Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ доир гардид.

Дар вохӯрӣ сарнозири Сарраёсати мазкур Маҷидӣ Абдукарим, мудири шуъбаи ҳуқуқи ДМТ Муминзода Нозим ва мушовир-ҳуқуқшиноси шуъбаи ҳуқуқи ДМТ Зулхумор Акбарова иштирок намуданд.

Нахуст мудири шуъбаи ҳуқуқи ДМТ суханронӣ намуда афзуд, ки «коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад ва барои истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам оварда, дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад».

Сипас Маҷидӣ Абдукарим доир ба ҷанбаҳои мухталифи “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва ҷиҳати пешгирии омилҳои коррупсионӣ суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки фасод дар ҳар ҷое паҳн шавад, ба сулҳу субот ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъсири манфӣ мерасонад. Дар анҷом оид ба масъалаи баррасишуда суолу ҷавоб сурат гирифт.