Пешвои сулҳ

838

Дар робита ба сарфароз гардидани Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой

Мураккабшавии авзои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷаҳони имрӯза андешаи солим ва дурбинонаро барои таъмини сулҳу субот ва амнияту ­осоиши сартосарӣ дар минтақа ва ҷаҳон тақозо мекунад. Дар ин раванд, талошҳои хастанопазири шахсиятҳои барҷаста муҳим ва метавонад халқеро аз вартаи муҳлик бираҳонад ва ҷомеаро ба сӯйи осоишу эминӣ раҳнамун созад.

Чун сухан аз мардони хосаи сиё­сат меравад, воқеаҳои чанд соли охир собит карданд, ки шахсияте ба танҳоӣ метавонад бори масъулият бикашад, авзоро комилан тағйир диҳад ва амалаш сазовори омӯзиш гардад. Манзури мо Иҷлосияи XVI таърихии тақдирсоз мебошад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб шуданд. Аз рӯзҳои нахусти ба арсаи сиёсат ворид шудан Пешвои миллат иброз доштанд, ки «Ман ба шумо сулҳ меорам». Вақт нишон дод, ки интихоби муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ҳамчун Роҳбари мамлакат роҳи дурусти расидан ба ояндаи дурахшон ва бунёди сулҳи сартосарӣ дар мамлакат аст. Айни ҳол мардуми сарбаланди тоҷик дар фазои суботу оромӣ ва амният пайи амалисозии мақсаду мароми худ мебошанд.

Сиёсатмадорон ва сиёсатшиносони ҷаҳон хидматҳои Пешвои миллати моро аз пиндори мо фаротар тавзеҳ додаанд. Аз ҷумла, дар китоби В. Сухомлинов ва Г. Шалаев зери унвони «Роҳ ба сӯйи созиш» аз мулоқоти 11 декаб­ри соли 1996 дар Хусдеҳи вилояти Тахори Афғонистон манзараи аҷибе ёд мешавад. Бинобар навиштаи онҳо, вақте аз ҷойи мулоқот, ки ғайричашмдошт хабар доданд, Сарвари кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бе ягон дудилагӣ розӣ шуданд ва иброз доштанд: «Ман тайёрам дар ҳар ҷой ва ҳар соат вохӯрам. Муҳим он аст, ки вохӯрӣ судманд бошад». Муаллифон чанд нуктаи ҷолиби дигарро ёдовар мешаванд. Дар сарҳад пешвозгирӣ ба вуқӯъ напайваст ва вобаста ба авзои Афғонистон масъулон Президенти кишварро огоҳ ва исрор карданд, ки ба Душанбе баргарданд, аммо муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар андешаашон собит буданд, ки ҳар лаҳза ғанимат аст. То созишномаи умумии оташбас имзо нагардад, ҷавонони зиёди тоҷик аз ҳарду тараф талаф мешаванд. Бо қатъият ба идомаи парвоз амр доданд.

Агар дар навиштаи муҳаққиқони замон ва адибон, аз ҷумла Л.Н. Толс­той ҷанг «бузургтарин бадбахтӣ» ва «куштор – гуноҳи азим» алайҳи хирад ва табиати башар маънидод мешавад, пас, ба андешаи Пешвои миллат ҷанг фоҷиаи халқҳо, шикас­ти сарнавишт, тахриби иҷтимоъ ва заъфи руҳонию равонист, ки дар ҳар суханронӣ ва ташаббусҳояшон аз минбарҳои ҷаҳонӣ садо медиҳанд. Ҳама ташаббусҳои Пешвои миллат ба беҳбудии рӯзгор, сулҳ ва саодати халқҳо нигаронида шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон тимсол ва рамзи сулҳу суботанд. Ҳамин буд, ки барандаи бисёр ҷоизаҳои байналмилалӣ гардиданд.

Қадрдонӣ шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой далели возеҳи эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хизматҳои мондагори Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу субот, рушди ҳамкориҳои дӯстона миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон ва талошҳои пайвастаи Сарвари давлат барои пойдории сулҳи абадӣ мебошад.

Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстойро шахсиятҳое сазовор мешаванд, ки дар пешгирии муноқишаву бархӯрдҳо ва бунёди ҷомеаи адолатпарвари бидуни зуроварӣ, рушди фаъолияти сулҳҷӯёна саҳми назаррас доранд. Корнамоӣ ва хизматҳову талошҳои Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ сохтани масъалаҳои болозикр беназир аст.

Сарвари тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз яке аз роҳбарони муваффақи минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон ба ҳисоб мераванд, ки дар фаъолияти давлатдорӣ тавонистанд дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ манфиатҳои миллӣ ва умумибашариро ҳифз намоянд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон дар асоси санадҳои байналмилалӣ борҳо аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ суханрониҳо ва пешниҳодҳо ироа намуда, дар ин масир мавқеи сиёсию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври муассир муаррифӣ намудаанд. Маҳз, пешбурди дипломатияи муваффақ дар минтақа ва ҷаҳон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он водор намуд, ки масъалаҳое, ки давоми солҳои тӯлонӣ ҳамчун масоили таҳдидомез дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ арзёбӣ мегардиданд, роҳи ҳалли худро пайдо намуданд.

Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Л.Н. Толстой

Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Николаевич Толстой ҷоизаи байналмилалиест, ки барои нақши мондагор дар таҳкими сулҳ, бунёди андешаҳои инсондӯстӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон, муколамаи фарҳангҳо ва ҳалли осоиштаи низоъ дода мешавад. Вазифа ва ҳадафи асосии ҷоиза мусоидат ба ҳамгироии ҷомеаи байналмилалӣ дар атрофи ғояи нигоҳдорӣ ва таҳкими сулҳ, фаҳмиш ва эътимоди байни миллатҳо мебошад. Ҷоиза ба ифтихори адабиёти классики ҷаҳонӣ, нависандаи бузург ва мутафаккир Лев Николаевич Толстой (1828-1910) таъсис ва номгузорӣ шудааст. Л.Н. Толстой ҳамчун афсар дар Қафқоз хизмати ҳарбиро анҷом дода, дар Ҷанги Қрим барои дифои Севастопол бо Ордени «Сент Анна» дараҷаи 4 бо навиштаҷоти «Барои ҷасорат» ва дигар медалҳо сарфароз шудааст. Солҳои ҷанг ба ҷаҳонбинӣ ва эҷодиёт, ташаккули назариёти ӯ дар бораи мубориза бо ҷанг, зӯроварӣ ва талош барои маърифати сулҳпарварона таъсир расонданд. Ин боис гардид, ки асари худро бо номи «Ҷанг ва сулҳ» таълиф намуда, сулҳро зиндагӣ ва зебоии табиӣ, муҳаббат ва пайванди инсонҳо, камолоти руҳии инсон ва пирӯзии воқеӣ эътироф кард. Аз ин рӯ, номи Л.Н. Толстой, мерос ва шахсияти ӯ ба таври пурра ба ғоя ва ҳадафҳои Ҷоизаи байналмилалии сулҳ мутобиқ буда, тақдими он ба шахсони алоҳида ва ташкилотҳо дар назар аст.

Ҷоизаро «Фонди Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Николаевич Толстой» месупорад. Ба ҳайати ҳакамон шахсиятҳои барҷаста аз қитъаҳои гуногуни ҷаҳон шомиланд. Дар оинномаи ташкилот имкони дар як вақт супоридани ҷоиза ба чанд номзад низ пешбинӣ шудааст. Дар чунин ҳолат, ҳар кадом барандаи ҷоиза бо диплом ва медали тиллоии номӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Медал бо тиллои маҳакаш 585, рӯйпӯши тиллои маҳакаш 999, андозаи диаметраш 65 мм ва дар вазни 200 грамм дар Осорхонаи сиккасозии шаҳри Москва сохта мешавад. Ба медали тиллоӣ сертификат низ замима мегардад.

Аввалин Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой ба Иттиҳоди Африқо супорида шуд ва Ҷоизаи дуюми байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой 21 декабри соли 2025 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, роҳбарони ҷумҳуриҳои Қирғизистон – Садир Жапаров ва Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев барои саҳми онҳо дар таҳкими сулҳу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ тақдим гардид.

Ёдовар бояд шуд, ки 31 марти соли 2025 санадҳои муҳими таърихӣ – Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизис­тон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Хуҷанд ба имзо расид. Ба имзо расидани санадҳои мазкур барои таҳкими дӯстиву рафоқат, ҳамдигарфаҳмию ваҳдат, оромию субот, таҳаммулпазирии халқҳо, ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ дар яке аз минтақаҳои стратегӣ – Осиёи Марказӣ заминаи мусоидро фароҳам овард.

Таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистон

Кофӣ Аннан, собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, бамаврид иброз медорад, ки «Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои олам нодиртарин намунаи бо роҳи осоишта ҳал кардани низоъҳои дохилиро нишон дод, ки онро саҳми Тоҷикистон дар таърихи сулҳоварӣ гуфтан иштибоҳ намешавад».

Воқеан, сулҳу амният гаронарзиштарин сармояи инсонӣ ба шумор меравад ва, маҳз, бо талошу кӯшиш ва заҳматҳои муттаҳидкунандаи шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ ба даст меояд. Ваҳдату осоиштагӣ ва сулҳи сартосарии Тоҷикистони азиз низ, ки бо паси сар намудани душвориҳои зиёд ва ба харҷ додани талошҳои хастанопазир ба даст омадаанд, ба корномаи шахсияти намоёни сиёсатмадори ҷаҳонӣ, фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам мебошад.

Бегуфтугӯ, барқарорсозии сулҳу амният дар Тоҷикистон самараи заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб шуда, на танҳо барои тоҷикон, балки барои тамоми кишварҳои ҷаҳон дастоварди арзандааст, зеро амнияту оромиши Тоҷикистон, бо назардошти мавқеъ ва имкониятҳои ҷуғрофии он, кафили сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон хоҳад буд.

Ҳамин аст, ки имрӯз ин механизми сулҳофаринии тоҷиконро дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон барои хомӯш намудани даргириҳои гуногун истифода мебаранд. Воқеан, ба даст овардани сулҳ бо истифода аз роҳҳои дипломатӣ дар шакли гуфтушунид ва муколамаҳо ҷомеаи ҷаҳониро водор сохт, то ақидаи худро оид ба сулҳу амният ва роҳҳои ба даст овардани он тағйир диҳанд.

Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон дар бобати ҳалли мусолиҳатомези низоъ, ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ, ба сарвати муҳими давлатдорӣ мубаддал гардидааст. Дар ин ҷо баёни гуфтаҳои Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин бамаврид аст:

«Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷастаи ҷаҳонӣ буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикис­тон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате дида намешавад. Ҳар он чӣ оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳои мамолики дигар».

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Сӣ Ҷинпин иброз менамояд, ки «Таҳти роҳбарии қатъии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ваҳдати миллӣ, суботи иҷтимоӣ ва беҳбуди некуаҳволии мардумро ба даст оварда, роҳи муваффақонаи тараққиётро пайдо кард». Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко таъкид кардааст, ки сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи ин шахсият кишварро ҳифз намуд, сулҳу оромиро ба ин сарзамин овард. Яке аз шахсиятҳои маъруфи адабиёти ҷаҳон, шоири халқии Доғистон Расул Ғамзатов дар васфи Пешвои миллат андешаҳои худро чунин баён намудаанд: «Фақат ҷанг набошад шуд, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавонист формулаи сулҳу ҷанги бародаркушро ёбад».

Воқеан, бо заҳматҳои хастанопазири Пешвои миллат кишвари мо дар масири 34 соли истиқлол ба сулҳу ваҳдати миллӣ шарафёб гардида, таҷрибаи сулҳи тоҷикон минбаъд ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф шуд.

Воқеияти имрӯзаи кишвар бозгӯи ҳамфикрӣ ва хиради баланди тамоми неруҳои ҷомеа мебошад, ки дар атрофи Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ободониву ояндаи дурахшони диёри маҳбубамон ҷамъ омадаанд. Саҳифагардонии авроқи рангини таърихи миллат низ нишон медиҳад, ки дар ҳама давру замон танҳо ваҳдату ҳамдилии мардум бисёр мушкилот ва монеаҳоро аз миён бардошта, тантанаи офтоби саодатро дар фарози осмони кишварамон эҳё намудааст. Ба даст овардани сулҳ ва ризоияти ҳамаи табақаҳои мардуми кишвар бори дигар собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари хирадманд – меъмори Кохи Ваҳдати миллӣ ва халқи бурдбори мо дуруст ва бебозгашт аст.

Таҷрибаи ваҳдатофарӣ ва фарҳанги сулҳе, ки Президенти Тоҷикистон амалӣ намуданд, дар олам назир ва собиқа надорад ва имрӯз мактаби омӯзиши оламиён гардидааст. Ҳамчунин, боиси ифтихору сарфарозии миллати тоҷик аст, ки барои наслҳои имрӯз ва фардои миллатҳои Осиёи Марказӣ сулҳу суботи офаридаи Пешвои миллати тоҷикон ояндаи дурахшони ҳамзистии осоиштаи дарозмуддат дар заминаи муносибатҳои ҳасанаи ҳамсоякишварҳоро муқаррар намуд.

Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин,

ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор, узви вобастаи АМИТ