ПРЕЗИДЕНТИ МАН – ИФТИХОРИ МАН

14

Бо мақсади арҷгузорӣ ва қадршиносии хизматҳои бузургу шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳким ва рушди давлати соҳибистиқлолу демократӣ, таъмини зиндагии шоиставу осуда барои шаҳрвандони кишвар ва таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16 ноябр аксияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Президенти ман – ифтихори ман» роҳандозӣ гардид.

Мақсади асосии ин аксия инъикос ва арҷгузорӣ ба нақши таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, боло бурдани рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори ҷавонон аз дастовардҳои даворони истиқлолият мебошад.

Дар доираи ин аксияи ҷумҳуриявӣ, акси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин иштирокашон дар Анҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун рамзи эҳтиром, садоқат ва сипосгузорӣ ба Осорхонаҳо, Китобхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ тақдим карда мешавад.

Марҳалаи нахустини аксия аз ҷониби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо супоридани акси Пешвои миллат ба «Осорхонаи Пешвои миллат дар Донишгоҳи милии Тоҷикистон» оғоз ёфт. Ин иқдом ҳамчун рамзи эҳтиром ба хизматҳои Пешвои миллат ва барои нигоҳдории хотираи ин рӯйдоди таърихӣ дар Осорхонаи мазкур сурат гирифт.

Аксияи «Президенти ман – ифтихори ман» идомаи мантиқии сиёсати ҷавононпарваронаи Пешвои миллат буда, ҷавобгӯи ормонҳои созандаи насли наврасу ҷавон дар роҳи рушди устувори давлатдории миллӣ мебошад.