РӮНАМОИИ КИТОБИ ТАЪРИХИИ «ТАШРИФОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН»

266

Имрӯз (01.12.2023) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ таҳти унвони “Кори қалам” доир гардид, ки дар он рӯнамоии китоби таърихии «Ташрифоти Пешвои миллат ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», муаллиф ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. аст, сурат гирифт.

Гирдгардонандаи маҳфил, директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат Ҷамолиддин Шарифов зимни ифтитоҳи ҳамоииш аз муҳимияти таълифи асари мазкур суханронӣ намуда, иброз дошт, ки китоби таърихии «Ташрифоти Пешвои миллат ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» дар арафаи таҷлили 32 – солагии Истиқлоли давлатӣ ва 75-умин солгарди фаъолияти ДМТ туҳфаи арзанда аст.

Сипас ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. суханронӣ намуда, иброз дошт, ки имрӯзҳо ҳайати бисёрҳазорнафараи устодону кормандон ва донишҷӯёни бо шукуҳу шаҳомати хосса 75-умин солгарди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро таҷлил намуда истодаанд, ки албатта ин нишони арҷгузорӣ ба ин боргоҳи илму маърифат мебошад. Рушду тавсаеаи нуфузи донишгоҳ дар замони истиқлоли давлатӣ бесобиқа баланд арзёбӣ шуда, он аз дастгириҳои ҳамешагӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Маҳз бо дастгириву кӯмакҳои Пешвои миллат донишгоҳ дар ин давраи муҳимми давладторӣ ба дастовардҳои хеле зиёду мондагор ноил гардид. Ба хотири инъикоси нақши Пешвои миллат дар рушди донишгоҳ мо тасмим гирифтем китоберо таҳти унвони “Ташрифоти Пешвои миллат ба Донишгоҳи миллӣ” рӯи нашр биёрем.

Зимнан таъкид шуд, ки китоби «Ташрифоти Пешвои миллат ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ба ифтихори 32-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 75-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таълиф гардидааст. Дар муқаддима зарурати таълифи китоб дарҷ гардидааст. Ҳадаф аз нашри китоб бо чунин унвон, пеш аз ҳама, инъикоси марҳилаҳои асосии рушди Донишгоҳ дар даврони истиқлоли давлатӣ аст, ки ин марҳилаҳои рушд аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзе, ки ба ҳайси сарвари давлат интихоб гардиданд, ба соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки ҷомеа ва заминаи рушди тамоми соҳаҳо диққати махсус зоҳир намуданд.

Таваҷҷуҳи хоссаи Сарвари давлат ба ин боргоҳи илму маърифат дар он ифода меёбад, ки то имрӯз зиёда аз шонздаҳ маротиба ба Донишгоҳи миллӣ ташриф овардааст.

Дар ҷараёни ҳамоиш академик Имомзода М.С., профессор Ҳ.Раҷабов, декани факултети молиявию иқтисодӣ Иброҳимзода И., декани факултети филологияи тоҷик Сироҷиддини Эмомалӣ ва декани факултети журналистика Бахтиёри Қутбиддин суханронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки китоб санаҳои муҳимми таърихиро дар бар мегирад ва дар он сабабу омилҳои ташрифи Пешвои миллат ба донишгоҳ, ҳадафу натиҷаҳои ташриф муфассал корбаст шудааст. Пешниҳод гардид, ки китоби мазкур дар дарсҳои тарбиявӣ истифода бурда шавад. Зеро ҳар як ташрифи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳ ҳусну таровати нав зам намуда, боиси устувор гардидани рӯҳияи устодону кормандон ҷиҳати боз ҳам самараноктар намудани фаъолият гаштааст.