РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД ДАР ДМТ

10

Ҳамасола чун анъана дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат нишасте бо довталабон, яъне хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва литсею гимназияҳо баргузор мегардад. Имрӯз (16.03.2026) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ишти­роки роҳбарияти ДМТ чорабинии «Рӯзи дарҳои кушод» баргузор гардид. Дар ин нишаст омӯзгорону хамт­кунандагони мактабҳои миёнаи пойтахт ва ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ, инчунин хатмкунандагони Литсейи назди ДМТ ишти­рок доштанд.

Нахуст довталабон аз намоишгоҳи Донишгоҳ, ки аз дастовардҳои илмию таълимии устодону кормандон ва донишҷӯёни факултетҳо иборат буд, боздид намуданд.

Баъдан дар толори мазкур муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Раҷабзода Ф.К. роҷеъ ба фаъолият ва дастовардҳои Донишгоҳ ба довталабон сухан гуфта, қайд намуд, ки имрӯзҳо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз марказҳои бузурги илмию таълимӣ ба ҳисоб рафта, бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин шароитро барои толибилмон муҳайё сохтааст. Ҳамзамон, зикр шуд, ки Донишгоҳ бо як зумра донишгоҳҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дошта, донишҷӯёни лаёқатманд метавонанд таҳсили худро дар хориҷа низ давом диҳанд. Дар идомаи суханронӣ дар атрофи омӯзиши курсҳои махсуси забонҳои хориҷӣ, интихоби ихтисосҳои гуногун, ҷараёни корҳои таълиму тарбия дар Донишгоҳ андешаҳои ҷолиб сурат гирифт.

Дар анҷом довталабон вориди факултетҳо шуда, аз марказҳои омӯзишӣ, озмоишгоҳҳои илмию таълимӣ, шароити таҳсил дар факултетҳо ва аз СТТ факултети журналистикаю Осорхонаи Пешвои миллат боздид намуданд. Илова бар ин, барои интихоби касби ояндаи хеш бо масъулини факултетҳо ва зумрае аз омӯзгорон ҳамсуҳбат шуданд.

Бояд гуфт, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дорои 20 факултет, 128 кафедра, 146 ихтисос, Институти илмӣ-таҳқиқотӣ, Литсейи равияи табиию риёзӣ, китобхонаҳои муосир, Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий, Маркази ташхису табобат ва таълимӣ, озмоишгоҳҳои муосири таълимию таҳқиқотӣ, марказҳои интернетӣ ва забономӯзӣ, синфхонаҳои компютерӣ, кабинетҳои лингофонӣ, 3 пойгоҳи таҷрибаомӯзӣ, бунгоҳи тиббӣ, клиникаи ҳуқуқӣ, маҷмааи бузурги варзишӣ ва майдончаи футболу волейбол мебошад.

Донишгоҳ дорои хобгоҳҳои замонавӣ барои донишҷӯён, магистрон, докторантон ва омӯзгорони ватанию хориҷӣ мебошад.

Дар Донишгоҳ наздик ба 24 ҳазор нафар донишҷӯ дар дараҷаҳои академии бакалавр, мутахассис ва магистратура бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Пойгоҳҳои таълимию таҷрибавии Донишгоҳ дар мавзеъҳои зебоманзари Ромит, деҳаҳои Зидей ва Такоби ноҳияи Варзоб барои таҷрибаомӯзӣ ва тақвияти касбомӯзӣ ҷойгир аст.

Дар ДМТ бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо корномаҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ ва Осорхонаи Пешвои миллат фаъолият мекунад.

Ҳамкориҳои усутвори ДМТ бо зиёда аз 300 муассисаи илмию таълимии кишварҳои тарақикардаи ҷаҳон ба роҳ монда шудааст. Табодули таҷриба дар заминаи усули муосири илмомӯзӣ дар дохил ва хориҷи кишвар роҳандозӣ гардидааст.

Вобаста ба талаботи бозори меҳнати дохилию хориҷӣ чанде аз ихтисосҳои Донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг гузашта, соҳиби шаҳодатнома гардидааст.

ДМТ шароити муосири илмомӯзӣ, кафолати рушди зеҳнӣ ва пешбурди фаъолияти назаррас дар соҳаҳои афзалиятнок дорад.