РӮЗИ ОМӮЗГОР ДАР ЛИТСЕЙ

139

 Ҳамасола дар саросари кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон якшанбеи нахустини моҳи октябр Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад. Ба ин муносибат ҳамоишҳои сатҳи илмию тарбиявӣ доир мегарданд. Боиси хушнудист, ки дар кишвари азизи мо омӯзгор мақому манзалати воло дошта, нақши калидиро дар инкишофи илму таълим дар ҷомеа иҷро менамояд.

Ҳамин аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифи кишвар ба яке аз соҳаҳои афзалиятноки мамлакат табдил ёфта, дар ин самт ибтикороти нодир рӯйи кор омаданд.

Вобаста ба ин ҷашн имрӯз (30.09.2022) дар Литсейи табиию риёзии ДМТ чорабинии тарбиявӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкурро муаллимаи забони тоҷикии Литсей Солеҳова С. ифтитоҳ бахшид. Баъдан директори Литсей, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ш. Ғаффорзода тамоми омӯзгоронро ба ин ҷашни таърихӣ муборак намуда, оид ба фаъолияти омӯзгорони собиқадори Литсей, аз ҷумла рӯзгори ибратбахши шодравон Олимов Муҳамад ёдовар шуданд.

Дар хотимаи чорабинӣ хонандагони Литсей омӯзгоронро табрик намуда, дар васфи Ватан, омӯзгор-муаллим шеърҳо қироат карданд.