Раванди корҳои сохтмонию ороишӣ дар студияи таълимӣ

297

Имрӯз ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор, Хушвахтзода Қ.Х. аз рафти корҳои сохтмонии Студияи таълимии телевизион ва радиошунавонии (СТТР) факултети журналистика дидан намуд.

Роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати суръат бахшидани корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизотҳои зарурӣ ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани он ба масъулин дастурҳои мушаххас доданд.

Қобили қайд аст, ки баъд аз мавриди истифода қарор додани Студияи таълимии телевизион ва радиошунавонӣ донишҷӯёну устодони факултет машғулиятҳои амалиро дар паси дастгоҳҳои навтарини сабту наворбардорӣ, таҳияву пахши гуфтору барномаҳо баргузор менамоянд, ки ба касбошноӣ ва сатҳи баланди касбияти рӯзноманигорони оянда мусоидат хоҳад кард.