РИОЯИ ҲАТМИИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ РИСОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ АСТ

131

Имрӯз (18.03.2024) бо мақсади риояи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳошияи баргузории Наврӯзи байналмилалӣ дар Донишгоҳи миллӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Ҳамоиш бо сухани муқаддимавии ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. оғоз ёфт.

Дар ҳамоиш зикр гардид, ки қонуни мазкур барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошт, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро гирифт ва ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод.

Зимнан дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ,  ҷилавгирӣ аз рӯ овардан ба фарҳангӣ бегонаи либоспӯшӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва одоби ҳамида тарбия намудани  насли ҷавонон  баррасӣ гардид.

Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки баъди қабули   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардида, ҳолатҳои зиёди сарфи беҳуда дар  маросимҳо пешгирӣ гардид. Таъкид карда шуд, ки ба ҷойи худнамоишдиҳӣ ва баргузор намудани маъракаҳои пурдабдаба, моро зарур аст, ки шароити зисти аҳли хонаводаро беҳтар намуда,  барои  фарзандон дар хона ашёи барои онҳо зарурии  таълимиро муҳайё намоем.