РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИИ АФЗОЯНДА

406

Имрӯз дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи бандҳои “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Бемории диабети қанд ва роҳҳои пешгирии он” ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Ҳамоиши илмӣ-назариявӣ бо тамошои намоишгоҳи дастовардҳои илмию таълимии донишгоҳ оғоз шуд.

Дар кори ҳамоиш меҳмонон аз сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, муовини аввали сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қадамов, муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хурсанд Содиқзода, сардори Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Ниёзӣ Сироҷиддин иштирок намуданд.

Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, сипас, ректори донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. суханронӣ намуда, ташрифи меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфт. Афзуд, ки тибқи таҳлилҳои оморӣ шумораи беморони дорои диабети қанд рӯ ба афзоиш буда, баррасӣ ва пешгирӣ аз он мавзуи рӯз мебошад.

Дар идомаи суханронӣ афзуд, ки Пешвои муаззами миллат солимии ҷомеаро зери сиёсати вижа қарор дода, афзудаанд, ки: “Саломатии аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон яке аз омилҳои муҳимтарини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад”.

Дар идомаи ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар дар робита ба сиёсати иҷтимоии мамлакат ва масъалаҳои вобаста ба бемории диабети қанд суханронӣ намуд. Афзуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудааст, ки: “Агар ҳадафи мо бунёди ҷомеаи солим ва соҳибмаърифат бошад, пас таваҷҷуҳамонро ба ҳифзи саломатии ҳар як инсон равона намоем. Дар хотир дорем, ки танҳо насли аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим метавонад бунёдгузори ҷомеаи нав бошад”.

Дар идомаи ҳамоиш дотсенти кафедраи ҷарроҳии №1-и донишгоҳ Абдурауф Қодиров дар мавзуи “Бемории диабети қанд ва оризаҳои он”, дотсенти кафедраи технологияи фарматсевтӣ ва фармакологияи донишгоҳ Муҳаббат Зарипова дар мавзуи “Бемории қанд: пешгирӣ ва роҳҳои табобати он”, мудири кафедраи акушерӣ ва генекологии донишгоҳ Заррина Рафиева оид ба мавзуи “Таъсири бемории диабети қанд ба натиҷаҳои акушерӣ ва перинатологӣ” ва дотсенти факултети филология Фирдавс Мирзоёров дар мавзуи “Фарҳанги истиъмоли хурок” маърӯза намуданд.

Зимни ироаи маърӯзаҳо таъкид шуд, ки сабабҳои пайдоиши бемории диабети қанд ирсият, фарбеҳии зиёд, тарсу ҳаяҷон, камҳаракатӣ, атеросклерози рагҳо, бемории фишорбаландии хун, бемории ҷигар ва гурдаҳо мебошад. Пешгирии таъсири бад гузоштани бемории диабети қанд ин парҳез кардан аз истеъмоли ғизоҳои бирёну серравған, шӯру тунд мебошад. Инчунин, зикр шуд, ки вазни худро дар меъёри муътадил нигоҳ доштану ба кору фаъолияти ҷисмонӣ машғул шудан барои рафъи ин беморӣ муҳим аст. Гуфта шуд, ки бо муроҷиат ба табибони ҳозиқи соҳа имкон ба вуҷуд меояд, ки аз ранҷҳои бемории мазкур дар канор бошем.