РОҲПАЙМОИИ ИДОНАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

206

Имрӯз (22.11.2023) дар Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун рамзи эҳтиром ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии идона баргузор гардид.

Роҳпаймоӣ дар шоҳроҳи назди биноҳои таълимии донишгоҳ сурат гирифт. Дар роҳпаймоӣ устодону кормандон, донишҷӯёни фаъол: донишҷӯёни гирандаи стипендияи Президентӣ, ғолибону иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, «Илм – фурӯғи маърифат», гурӯҳи ҷавонон – донишҷӯёни «Пайравони Пешвои миллат” ва бахши ҷавонони донишгоҳ, инчунин донишҷӯён–табибони оянда, варзишгарон иштирок намуда, бо бардоштани парчами наздик ба 200 метра эҳтироми ливоро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ, арзиши бебаҳои миллӣ ва ҳамчун ифтихори ҷавонони саодатманд ба ҷо оварданд. Ҷавонони саодатманди Донишгоҳи миллӣ бо нидоҳои идонаи “Мо бо Пешвои худ ифтихор дорем!”, “Шараф ба ҷавонони даврони соҳибистиқлолият!”, “Парафшон бод, парчами Тоҷикистони азиз!”, “Тоҷикистон, ба пеш!” дар даст шиору парчамҳо сарбаландона роҳпаймоӣ намуданд.

Ҳамзамон, дар толори фарҳангии Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди донишгоҳ чорабинии фарҳангии калони идона баргузор гардид. Чорабинии тантанавӣ бо сухани табрикотии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз шуд. Тазаккур дода шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи Истиқлоли давлатӣ барои мо азизу муътабар буда, таҷлили ин сана дар радифи дигар ҷашнҳои миллию давлатӣ мояи ифтихор ва эътибору шарафи мардуми меҳанпарасти тоҷик аст.

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашни умумимиллӣ табдил ёфт, яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон маҳсуб мешавад.

Дар идомаи чорабинии идонаи фарҳангӣ-фароғатӣ ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ ва ҳунармандони шинохтаи кишвар бо суруду таронаҳои дилнишин хотири иштирокчиёнро болида намуданд.