РОБОТИ ДМТ

237

Роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста тадбирҳои муҳимро рӯйи кор гирифта, баҳри самтҳои гуногуни таълим, аз ҷумла илмомӯзӣ ва ихтироъкорӣ шароити мусоидро фароҳам меоварад.

Ихтирои донишҷӯёни донишгоҳ – Маҳноза Кабирова ва Муҳаммад Тоиров, ки бо номи «Роботи ДМТ» имрӯз рӯнамоӣ гардид, аз ҷумлаи дастовардҳое мебошад, ки дар партави амали гардидани «Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» омода гаштааст. Зимни рӯнамоӣ донишҷӯён изҳор доштанд, ки роботи сохтаи онҳо саволу ҷавоб, тарҷума ва суханронӣ карда метавонад. Робот дар худ беш аз 300 калимаро маҳфуз дошта, дар ҳолати пурра коркард кардани робот он бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ метавонад сухан кунад. Гуфта шуд, ки самтҳои техникии робот бо истифода аз таҷрибаи пешқадами давлатҳои ҳамсоя омӯхта шуда истодааст.