РУШДИ ҲАМКОРИҲО БО ФИЛИАЛИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ МАСКАВ

258

Имрӯз ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо директори филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Трофимов С.В. ва директори иҷроияи филиали Донишгоҳи мазкур Р. Ғаниев вохӯрӣ анҷом дод.

Дар мулоқот робитаҳои илмӣ, эҷодӣ ва омӯзишии ДМТ бо филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов баррасӣ гардид.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба шароити феълии ҳамгироиҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия ва густариш ёфтани ҳамкориҳои ду донишгоҳ – ДМТ ва филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар доираи шартномаҳои баимзорасида табодули афкор намуданд. Ҳамзамон, дар самти табодули устодону кормандон, донишҷӯёну магистрон ва ҳамкориҳои илмию истеҳсолӣ тибқи барномаи «1+1» таклифҳои судманд намуданд.

Ҷонибҳо аз ҳусни тафоҳум ва ҳамкориҳои судманд изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.