РУШДИ ФАЛСАФА ВА ДАВРАИ ҶАҲОНИШАВӣ

2010

 Дар замони ҷаҳонишавӣ омӯзиши масъалаҳои фалсафӣ муҳим аст. Агар ба соҳаи таърихи фалсафа нигарем, дар ин соҳа дастовардҳо зиёд аст, вале самтҳои дигари соҳаи фалсафа беҳбудӣ мехоҳад. Тавре гуфтем, ҷомеа дар инкишоф аст ва манбаи инкишофи ҷомеа дар чӣ бошад, бояд файласуфон муайян кунанд. Вақти он расидааст, ки Ҷамъияти файласуфони Тоҷикистонро ташкил намуд ва дар самти таълимоти фалсафӣ тадбирҳои муҳим андешид.

 Ин андеша аз ҷониби иштирокчиёни семинарии ҷумҳуриявии илмию амалӣ, ки бо ибтикори кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи ДМТ дар мавзӯи «Масъалаҳои актуалии рушди фалсафа дар Тоҷикистони муосир» доир гардид, гуфта шуд.

 Дар нишаст аз ҷониби устодону муҳаққиқон роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни омӯзиши фалсафаи муосир, аз ҷумла оид ба баъзе муаммоҳои метод ва методологияи таълими фалсафа, вазъи диншиносӣ дар ҷумҳурӣ, фалсафаи маориф ва вазъи методологии он, дурнамои илми мантиқ суханрониҳо шунида шуд.

Ҳамзамон, бо ибтикори кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҷаҳонишавӣ ва таҳдидҳои нави замони муосир» мизи гирди ҷумҳуриявии илмию назариявӣ баргузор гардид. Дар нишаст намояндагони сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Рушди фарҳанги миллӣ ҳамчун омили пешгирӣ ва муқовимат бо экстремизми динӣ-сиёсӣ, ҷаҳонишавӣ ва таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ, таъсири омилҳои манфии ҷаҳонишавӣ, ягонагии миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ аз ҷумлаи мавзӯъҳои баррасишудаи ҳамоиши мазкур буданд.

Ёдовар мешавем, ки нишасти мазкур аз бахшҳои сиёсию психологӣ ва сиёсию иҷтимоӣ иборат буд ва дар онҳо беш аз бист маърӯза мавриди муҳокима қарор гирифт.