Имрӯз (18.11.2024) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар партави амалишавии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020-2040 ҳамоиши илмиву назариявӣ оид ба рӯйнамоии китоби профессор Солиҳзода Давлат Қувват “Электродинамика” бо иштироки олимону муҳаққиқон баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи ҳамоиш декани факултети физика Қодирзода З. суханронӣ намуда афзуд, ки бо эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои дақиқ аз пештара бештар гардидааст. Рушди илмҳои дақиқу техникӣ ва дар истеҳсолот татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ, заминаи саноатикунонии босуръат, инчунин, нишондиҳанда ва баёнгари сатҳи баланди иқтисоди миллӣ мебошанд.
Эълон шудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қадами ҷиддиест барои густариш ёфтани илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ.
Зимнан гуфта шуд, ки алалхсус нақши физика дар пешрафти ҳама соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ҷаҳони муосир хеле бузург арзёбӣ мегардад. Кашфиётҳои физикӣ ба он боис гардиданд, ки ҷамъияти муосир аз ҷамъияти асри гузашта ба куллӣ фарқ намояд. Тадқиқот дар соҳаи электромагнетизм боиси пайдоиши телефонҳо ва баъдтар телефонҳои мобилӣ гардид, кашфиётҳо дар термодинамика барои сохтани мошин имкон доданд, рушди электроника боиси пайдоиши компютерҳо гардид. Дар маҷмуъ дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми олимони физика беназир буда яке аз тарғибгари он дар қаламрави мамлакат факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки Солиҳзода Давлат Қувват аз ҷумлаи олимонест, ки барои дар амал татбиқи намудани Барномаи “Бистсолаи омӯзиш…” ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат саҳми беандоза гузоштааст. Дар робита ба амалигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) китоби тозанашри профессор Солиҳзода Давлат Қувват «Электродинамика» аз чоп баромад.
Солиҳзода Давлат Қувват зимни суханронии хеш афзуд, ки электродинамика яке аз қисмҳои таркибии фанҳои физикаи назариявӣ буда, ба омӯзиши назарияи майдонҳо, хосиятҳои электргузаронии муҳитҳои материалӣ ва паҳншавии мавҷҳои электромагнитӣ алоқаманд аст. Ҳодисаҳои электромагнитӣ дар табиат нақши ниҳоят муҳимро иҷро менамоянд
Дар зимн аз ҷониби Фарҳод Раҳимӣ – раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чанде аз устодони факултети физика оид ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар дар самти илмҳои дақиқу риёзӣ андешаҳо сурат гирифта, баҳри омӯзиш ва таълифи асарҳои тозаи илмӣ тавсияҳои судманд сурат гирифтанд.