РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

1072

Имрӯз (20.05.2021) директори Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз ҷониби Ҷумҳурии мардумии Чин, ҷаноби Лю Ҷиен Вей ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо аз рушди муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, мақсади вохӯриро дар густариш додани ҳамкориҳои минбаъдаи ДМТ ва Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий арзёбӣ намуданд. Ҳамзамон, ҷонибҳо дар самти омӯзиши забони хитоӣ, ташкил намудани курсҳои забономӯзӣ ва ҳамоишҳои байналмилалӣ, инчунин, дар робита ба беҳтар намудани барномаҳои муштарак табодули афкор намуданд.

Дар охир барои боз ҳам густариш додани фаъолияти Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди ДМТ созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонида, ҳамчун рамзи дӯстӣ тарафайн туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.