РУШДИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

225

Имрӯз (05.09.2023) бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Рушди хизмати давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабиниро директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов оғоз намуда, зикр намуд, ки «истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Мо ифтихор аз он дорем, ки бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешонгаштаи тоҷик сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд ва имрӯз дар чеҳраи ҳар модару фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ пойдор аст. Рисолати мо хизматчиёни давлатӣ, пеш аз ҳама, баланд бардоштани нуфузи соҳаи хизмати давлатӣ ва баланд бардоштани одоб ва ба мардуми кишвар хизмат намудан мебошад.

Ҳамзамон, муовини ректор оид ба тарбия, профессор Имомова Н. марӯза намуда, зикр кард, ки Истиқлолият барои мо бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгирона, созандагӣ, азму талошҳои фидокорона, расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва баландтарин зинаи бахту саодати ҳақиқии миллатро таъмин намуд.

Зимнан собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ, номзади илмҳои сиёсӣ Ҳамрохон Зарифӣ баромад намуда, таъкид дошт, ки кишвари мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба дастоварду комёбиҳои назаррас ноил гардида, дар шароити такомули муносибатҳои нави байналмилалӣ пайваста эътиборашро афзуд ва тавассути сиёсати хориҷии бисёрқутба ва пешниҳоди созандаи Пешвои миллат оид ба ҳалли масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ мақоми шоиста ба даст овард.

Дар идома маросими савгадёдкунии хизматчиёни ҷавони давлатӣ, ки тоза кори худро дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуданд, доир гардид. Ҳамзамон, чанде аз собиқадорон ва фаъолони агентӣ бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардиданд.

Дар охир ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ барномаи рангини фарҳангию фароғатиро манзури тамошобинон гардонид.