РУШДИ ИЛМҲОИ АМАЛӢ -ҲУҚУҚӢ ДАР МАСИРИ ИСТИҚЛОЛ

545

(Сухан аз инкишофи илмҳои криминалистика, экспертизаи судӣ ва фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ)

Дар баробари рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дар зарфи 30-соли истиқлолият илмҳои криминалистика, экспертизаи судӣ ва фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ низ ташаккул ёфта, инкишофи муосиртарин шаклҳои ҷиноятҳои муташаккилона, терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва силоҳи оташфишон, махфинигаҳдории ҳаракатҳои гурӯҳҳои ҷинояткор, дараҷаи баланди таҷҳизоти техникии онҳо ба мушоҳида расида, моро водор месозад, ки роҳҳои нави ҳуқуқии мубориза бар зидди ҷинояткориро инкишоф дода, воситаҳои мавҷуда ва усулҳои ҷамъоварии далелҳо, ба даст овардани иттилои саривақтӣ пурзӯр карда шаванд.

Хушбахтона, тӯли солҳои истиқлолият бо роҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ тамоми паҳлӯҳои зиндагии ҷомеаро фаро гирифт ва роҳҳову самтҳои нави инкишоф муайян карда шуданд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол вазъи ҳуқуқии тамоми соҳаҳо тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда шуда, аксарияти онҳо аз ҷониби илмҳои соҳавӣ коркард карда шудаанд. Яке аз илмҳои ҳуқуқие, ки дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон равона карда шудааст, илми криминалистика ба шумор меравад. Илми криминалистика дар ҷумҳурӣ соҳаи муосири илм ба шумор меравад. Криминалистика аслан илми амалӣ ба ҳисоб рафта, дар рафти тафтиш ва ошкор намудани ҷиноят нақши муҳим мебозад. Беҳуда нест, ки солҳои охир дар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба ин илм таваҷҷуҳи бевосита зоҳир мекунанд. Маълум аст, ки дар рафти гузаронидани тамоми амалҳои тафтишӣ ва чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз воситаҳои илмию техникӣ бо мақсади тафтиш ва ошкор намудани ҷиноят истифода мебаранд.

Инҷо лозим медонем, ки назаре ба заминаҳои рушди илми криминалистикаи тоҷик намоем. Таъсиси факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои рушди илми криминалистикаи тоҷик заминаи мусоид фароҳам овард. Пас аз як соли таъсиси донишгоҳ, яъне дар соли 1949 факултети ҳуқуқшиносӣ ташкил карда шуд. Дар баробари ташкилёбии факултети ҳуқуқшиносӣ дар қатори дигар илмҳо илми криминалистика низ инкишоф ёфт.

Соли 1952 бо оғози таълими фанни криминалистика ба факултети ҳуқуқшиносӣ ба вазифаи омӯзгор М.К. Каратсев ба кор меояд. То ин вақт ӯ ба ҳайси муфаттиши калони Раёсати корҳои дохилии ВКД РСС Тоҷикистон дар шаҳри Сталинобод фаъолият мекард. Мавсуф то соли 1962 ба сифати дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятиву мурофиавии факултети ҳуқуқшиносии ДДТ кор карда, баъдан дотсент ва пас аз ҳимояи рисолаи докторӣ дар вазифаи профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятиву мурофиавии Донишгоҳи давлатии Осетияи Шимолӣ кор кардааст.

Соли 1959 бо таклифи ректори онвақтаи донишгоҳ, профессор С.А. Раҷабов аз Донишгоҳи давлатии Минск ба кафедраи ҳуқуқи ҷиноятиву мурофиавии факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ дотсент Я.Т. Яковлев ба кор меояд. Дар муддати кӯтоҳ Я.М. Яковлев якчанд асарҳоеро, ки ба масъалаҳои муҳимми криминалистика бахшида буд, ба табъ мерасонад. Аз он ҷумла, рисолаи «Тафтиши одамкушӣ» (Сталинобод, 1960)- ро, ки соли 1961 дар Донишгоҳи давлатии Ленинград ҳамчун рисолаи номзадӣ ҳимоя карда буд. Дар ин рисола ҳамаи амалҳои тафтиши одамкушӣ, монанди оғози парвандаи ҷиноятӣ, амалҳои аввалини тафтишӣ, коркарди тахминҳои тафтишӣ ва банақшагирии тафтиш, гузаронидани экспертизаҳои тиббию судӣ, криминалистикӣ, пурсиши шоҳидон, кофтуков, дастгир намудани гумонбаршуда, инчунин, хусусиятҳои хосси тафтиши намудҳои гуногуни одамкушиҳо батафсил тадқиқ шудаанд.

Бояд зикр намуд, ки нақши Я.М. Яковлев дар инкишофи Лабораторияи илмию тадқиқотии экспертизаҳои судии факултет хеле назаррас аст. Дар давраи роҳбарии ӯ (солҳои 1960-1966) Лабораторияи криминалистикӣ ба як муассисаи асосии экспертизаҳои судии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубаддал гардид.

Корҳои илмию тадқиқотие, ки минбаъд анҷом дода шуд, ҷиҳати рушди илми мазкур мусоидат намуд. Масалан, дотсент Ҳ.Салимов аз рӯйи масъалаҳои асосҳои методологии илми криминалистика ва пайшиносиву баллистика корҳои илмию тадқиқотӣ бурдааст.

Бо густариш ёфтани низоми иқтисоди бозоргонӣ талабот ба истеҳсоли экспертизаҳои молшиносӣ зиёд шуда, шуъбаи экспертизаҳои молшиносӣ таъсис ёфт. Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари раёсатҳои соҳавӣ Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистӣ фаъолият мекунад, ки он дар ҷумҳурӣ Маркази асосии илмию методӣ оид ба масъалаҳои экспертизаи судӣ мебошад. Тибқи оморҳои мавҷуда ҳар сол дар Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистӣ бештар аз 5 ҳазор экспертиза гузаронида мешавад.

Бо соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон зарурати аз нав коркард намудани заминаҳои ҳуқуқии экспертизаи судӣ низ ба миён омад.

Бо назардошти аҳамияти донишҳои махсус дар рушди ҷомеа ва давлат, инчунин, тақвияти минбаъдаи адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал фаъолияти экспертизаи судӣ заминаи устувори қонунгузорӣ пайдо мекунад. 25 июли соли 2005 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» эътибори ҳуқуқӣ пайдо кард, ки асосҳои ҳуқуқӣ ва вазифаҳои асосии фаъолияти экспертизаи давлатии судиро дар кишвар муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятие, ки ҳангоми ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ ба вуҷуд меояд, танзим менамояд. Бояд зикр намуд, ки ба қонуни номбурда соли 2007 ва соли 2011 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ин санад дар фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ санади муҳими ҳуқуқӣ буда, мувофиқ бо шароити нави низоми ҷамъиятӣ дониста мешавад. Яке аз илмҳои дигари ҳуқуқӣ ин фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мебошад, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ такмил ва рушд намудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии милитсия дар яке аз суханрониҳояшон ёдрас шуда, қайд карданд, ки дар замони истиқлолият марҳала ба марҳала ҳуҷҷатҳои асосии ислоҳоти соҳаи милитсия қабул гардида, шакли фаъолияти он куллан тағйир дода шуд. Дар таърихи навини милитсияи кишвар нахустин маротиба соли 1998 Қонун «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» қабул гардида, баъдан мувофиқи талаботи замон соли 2011 ин санади муҳим дар таҳрири нав қабул гардид. Бо қабули қонуни мазкур шаффофияти кори милитсия таъмин гардида, фаъолияти ин ниҳод зери назорати ҷомеа қарор дода шуд. Қабули ин қонун ба баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони милитсия дар раванди амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мусоидат намуд.

Лозим ба таъкид аст, ки чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва ҳаракатҳои он қисми ҷудонашаванда ва бештар инкишофдидаи ин самти фаъолият буда, дар он бозёфтҳои арзишманди ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ таҷассум ёфтаанд.

Бояд таъкид намуд, ки таърихи тамаддуни халки тоҷик гувоҳӣ медиҳад, ки истифодаи маълумотҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар давлатдории ниёгон хуб ба роҳ монда шуда буд. Таҳлили сарчашмаҳои аввалиндараҷа, аз ҷумла, эпоси халқи тоҷик «Гуруглӣ», китоби «Ҳазору як шаб», «Қобуснома»-и Унсурмаолии Кайковус, «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ ва ғайра шаҳодат медиҳанд, ки дар рафти амалӣ намудани давлатдорӣ, ҳамчунин, ҳангоми оғози амалиётҳои ҷангӣ давлатдорон одамони худро дар муҳити душман барои гузаронидани корҳои разведкавӣ дар намуди қаландарон ва дарвешон ворид менамуданд.

Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷи¬кистон давлатӣ мустақил ва соҳибистиқлол гардида, ҷанги шаҳрвандиро аз cap гузаронид. Дар солҳои 1992-1993 тамоми низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ вайрону хароб шуда, соҳаи таъмини ҳифзи тартибот дар мамлакат заиф гардида буд. Дар чунин шароити вазнин маҳз ба души мақомоти корҳои дохилӣ вазнинии асосӣ ва масъулияти таъмин намудани муътадилсозии вазъияти ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар ҷумҳурӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ вогузор карда шуда буд. Дар қонунгузории мурофиавии ҷиноятии амалкунанда оид ба чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар моддаҳои 39, 41, 84, 86, 153, 162, 168 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2009) ёдовар шудааст, ки тибқи онҳо ба мақомоти таҳқиқ андешидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии зарурӣ бо мақсади ошкор намудани ҷиноят ва дарёфти шахсони онро содирнамуда вогузор карда шудааст.

Дар аввали солҳои 90–уми асри ХХ (охирҳои даврони Шӯравӣ ва солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон), таваҷҷуҳи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба таҳқиқоти таърихи милитсияи тоҷик, аз ҷумла ба ташаккулу рушди фаъолияти оперативӣ–ҷустуҷӯӣ афзуд. Нахуст ба ин масъала доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Маҷидзода Ҷ.З. (Зоиров Ҷ.М.) машғул шудааст, ки тайи 30 соли охир ба таҳқиқоти қиёсию ҳуқуқии тамоюли методологияи тадқиқи давлатдорӣ, бахусус рушди давлатдории миллӣ дар қаламрави шӯравии собиқ, сарчашмаҳои ташаккули давлатдории тоҷик ва ташаккулу рушди фаъолияти оперативӣ–ҷустуҷӯӣ (ФОҶ) дар Тоҷикистон машғул аст.

 Ҳамзамон, дар зарфи 30-соли истиқлолият қисми панҷуми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»–и Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст, аз аввалин корҳои ошкорро оид ба асосҳои қонунгузории оперативӣ–ҷустуҷӯист қобили зикр мебошад.

Ҳамин тавр, дар давоми 30-соли истиқлолияти кишвар илмҳои криминалистика, экспертизаи судӣ ва фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо маром рушд намуда, дар марҳилаи муосири рушди давлатдории миллӣ дар заминаи волоияти қонун таъмини қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ вазифаи муҳимтарин иҷро намудаанд. Криминалистика, фаъолияти экспертизаи судӣ ва фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯи як қисми чораҳои давлатии ҳуқуқии мубориза бо ҷинояткорӣ, шакли мустақили фаъолияти ҳифзи ҳуқуқӣ мебошад, ки ба татбиқи вазифаҳои сиёсати ҳуқуқи ҷиноятӣ равона карда шудааст. Зимнан некӯаҳволии мардум ва ҳимояи дастовардҳои он, ки манфиати миллии кишвар ҳастанд, дар дохил ва ҳам хориҷи кишвар афзалияти бештар доранд.

ДАВЛАТЗОДА Комрон Давлат, ёрдамчии муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент