Дар семинари илмӣ-назариявӣ ва маӽфили донишҷӯён «Дар ҷустуҷӯи ӽақиқат» – и кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи ДМТ узви пайвастаи АМИТ, профессор Кароматулло Олимов иштирок дошт.
Семинари илмӣ-назариявӣ ва маӽфили донишҷӯён «Дар ҷустуҷӯи ӽақиқат» таӽти унвони «30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикиситон ва дурнамои рушди илмӽои фалсафӣ» баргузор гардид. Маӽфилро мудири кафедраи умумидонишгоӽии фалсафа Ф.Аминов ифтитоӽ намуда, зарурати омӯзиши фалсафаро ӽамчун фанни меҳварӣ дар ташаккули ҷаӽонбинии донишгоҳӣ баӽогузорӣ намуданд. Таъкид карданд, ки халқу давлатӽои ҷаӽон ба сӯи тараққиёту пешравӣ бо истифода аз маърифати илмӣ ва ӽуқуқӣ қадам заданд. Инқилобӽои фикрӣ халқҳоро ба сӯи маърифати озодӣ раӽнамоӣ карда, муборизаи онӽоро ба сӯи фатӽи қуллаӽои бузурги технологӣ ӽамроӽӣ намуд. Дар Германияи асри XVIII-XIX инқилоби фикрӣ оғоз шуд, ки дар меӽвари он фалсафаи классикии олмонӣ буд. Натиҷаи он инқилоби сеюми илмӣ-техникии охири қарни XIX буд, ки ихтирои двигателӽои дарунсӯз дастоварди бузурги ӽамин инқилоб аст. Ӽоло дар Тоҷикистон қадамӽои боҷуръат дар самти ривоҷ додани Инқилоби фикрӣ оғоз шуда истодааст. Дар саргаӽи инқилоби фикрии Тоҷикистон паёмӽои ӽамасола ва осори ба мавзӯӽои таърихи Тоҷикистон навиштаи Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон қарор дорад. Набояд фаромӯш кард, ки фалсафа дар меӽвари маърифати илмӣ-ӽуқуқӣ ҷой дошта, омўзиши фалсафа дар ташаккули ҷаӽонбинии донишгоҳӣ мақоми хосро дорад. Дар суханронии узви пайвастаи АМИТ, профессор Кароматулло Олимов таъкид гардид, ки фалсафа дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва такомули фаҳмиши илмию амалии донишҷӯ нақши калон бозида, донишҳои фалсафӣ ба самтҳои мухталифи ҳаёти шахсию ҷамъиятии ў равшанӣ мебахшанд. Ин фан ба устувор шудани мавқеи шаҳрвандӣ ва эҳсоси хештаншиносии донишҷў мусоидат намуда, фаҳмиши илмию назариявии ўро дар роҳи маърифати воқеию ҳақиқии равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва технологии ҷаҳони муосир ташаккул ва такомул медиҳад.