РУШДИ ИЛМИ ДОРУСОЗӢ

664

Имрӯз (12.11.2021) бо ибтикори факултети фарматсевтии ДМТ конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Фарматсия: аз илм ба истеҳсолот” баргузор гардид.

Конференсияи мазкур ба сухани муқаддимавии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С. ва декани факултет, доктори илмҳои фарматсевтӣ, профессор Мӯсозода С. ифтитоҳ ёфт.

Дар ифтитоҳи ҳамоиш маърӯзаҳои намояндагии ҶСК “Гедеон Рихтер”-и Венгрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримова М.Ҷ. “Гедеон Рихтер – пешсафи бозори фарматсевтии Тоҷикистон”, раиси Ҷамъияти илмии фарматсевтҳои Тоҷикистон Мингбоев Л. К. “Нақши ташкилотиҳои ғайридавлатӣ дар таҳкими фаъолияти фарматсевтӣ”, доктори илмҳои табиатшиносӣ, ходими калони илмии Муасссисаи илмию тадқиқотии “Маркази инноватсионии Хитою Тоҷикистон оид ба маҳсулоти табиӣ”- и АМИТ Шаропов Ф. С. “In silico омӯзиши таъсири зидди вирусии компонентҳои фаъоли тахач (Artemisia absinthium L.) ба сафедаҳои ҳадафноки вируси тоҷдори SARS-COV-2”, д.и.т, мудири лабараторияи биотехналогияи Маркази тадқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ Шарофова М. У. “Тадқиқоти самаранокии алгоритми табобати синдроми пас аз COVID – 19 дар асоси тибби Сино” мавриди баррасӣ қарор гирифт.