(40-соли фаъолияти кафедра)
Имрӯз (07.10.2021) дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумурии Тоҷикистон ва 40 – солагии таъсисёбии кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети мазкур дар мавзӯи «Рушди қонунгузории Тоҷикистон оид ба самтҳои алоҳидаи соҳибкорӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид. Дар нишаст намояндагони сохторњои гуногуни илмию таълимӣ ва ниҳодҳои ҳифзи њуқуқи кишвар иштирок намуданд.
Таълим ва рушди илми ҳуқуқи соҳибкорӣ дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, такмили қонунгузории Тоҷикистон оид ба молия ва андоз, муносибатҳои соҳибкорӣ предмети танзими Кодекси гражданӣ аз ҷумлаи мавзӯъҳое буданд, ки аз ҷониби иштирокчиён дар ифтитоҳи конференсия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимнан таъкид шуд, ки кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат моҳи августи соли 1981 ба номи кафедраи қонунгузории хоҷагӣ ва ҳуқуқи меҳнат таъсис ёфта, сарварии онро олими шинохта, ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Виктор Аркадевич Ойгензихт (солҳои 1981-1991) ба уҳда доштанд. Бояд қайд намоем, ки таълими ҳуқуқи соҳибкорӣ ва рушди илми ҳуқуқи соҳибкорӣ дар кишвар бо ташкили кафедраи қонунгузории хоҷагӣ ва ҳуқуқи меҳнатӣ алоқаманд аст. Маҳз дар ҳамин кафедра аз аввал курси махсуси “Ҳуқуқи хоҷагӣ”, “Қонунгузории хоҷагӣ” ва“Иҷрои уҳдадориҳои хоҷагӣ” таълим дода мешуданд.
Имрӯзҳо кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносӣ, ки роҳбарии онро доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинов Д.Ш. ба дӯш дорад, ҳамчун маркази бузурги омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат эътироф гашта, аз замони таъсис то ба имрӯз роҳи пуршараферо тай намуда, дар воқеъ ба як махзани асосии тайёр кардани мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнат табдил ёфтааст. Ёдовар мешавем, ки конференсия дар ду бахш: “Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истеҳсолот ва савдои мол” ва “Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иҷрои кор ва хизматрасонӣ” доир гардид. Дар бахшҳо беш аз 50 маърӯза мавриди баррасӣ қарор гирифт.