РУШДИ ИННОВАТСИОНӢ БА ХОТИРИ ОЯНДА: БАРГУЗОРИИ НАХУСТИН ОЗМУНИ УМУМИДОНИШГОҲИИ “ИХТИРОЪКОРОНИ ОЯНДАСОЗ”

115

Бо мақсади татбиқи сиёсати маорифпарварона Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва дар асоси қарори дахлдори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 18 ноябри соли 2024 Озмуни умумидонишгоҳии “Ихтироъкорони ояндасоз” аз рӯи 5 номинатсия ташкилу баргузор гардид.

Озмун бо суханони ифтитоҳии муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С.М. оғоз гардида, мавсуф оид ба натиҷаҳои рушди тамоми соҳаҳои илм дар Донишгоҳ ва натиҷаҳои ба дастовардаи донишҷӯён дар озмуну чорабиниҳои илмӣ иброзӣ андеша намуданд.

Дар идома директори Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муродзода У.У. ба оид ба муқаррароти Низомнома ва тартиби баҳогузории иштиркочиён суханронӣ намуданд.

Озмун бори аввал дар чунин шакл ташкил гардида, дар он иштирокчиён аз рӯйи номинантсияҳои зерин миёни ҳам рақобат намуданд:

– “Барномасозӣ”

– “Ворисони Розӣ”

– “Моделсозӣ”

– “Робототехника”

– “Сайёҳӣ-кишваршиносӣ”

Тибқи Низомнома дар озмун хонандагони Литсейи равияи табиию риёзӣ, донишҷӯён, магистрантону докторантон ва устодону омӯзгорон Донишгоҳ имкони иштирок карданро доштанд. Тибқи хулосаи комиссияи озмун 34 нафар иштирокчӣ ба талаботи Низомнома ҷавобгӯй буда, ҳуқуқи иштирок дар озмунро пайдо намуданд.

Иштирокчиён тибиқи Низмонома ва рӯйхати тасдиқгардида, лоиҳаҳои инноватсионӣ ва барномаҳои таҳия намудаашонро муаррифӣ намуда, оид ба бартариятҳо, хусусиятҳои навоварии маводҳои пешниҳодгардида, мутобиқ будан онҳо ба шароити иқтисодии кишвар ва дигар хусусиятҳои онҳо баромад намуданд.

Дар озмун иштирокчиён лоиҳаҳои гуногун ва қобили таваҷҷуҳро пешниҳод намуданд, ки пас аз такмил ва мукаммал намудани онҳо, имкони ба таври васеъ татбиқ намудани онҳо ҷой дорад.

Аз ҷумла иштирокчиён лоиҳаҳои гуногун аз қабили коркарди дубораи маҳсулотҳои кимёвӣ, истеҳсолӣ қувваи барқ бо истифода аз нурҳои офтобӣ, барномаву харитаҳои гуногуни сайёҳӣ, маводҳои гуногуни ороишӣ ва муолиҷавӣ, роботҳои таъиноташон гуногун ва амсоли инҳоро пешниҳод намуданд.

Ба маҳорати иштирокчиёни озмун ҳайати баландпояи ҳакамон, ки аз ҳисоби устодону омӯзгорони соҳибтаҷрибаи Донишгоҳ таъсис дода шуда буд, баҳогузорӣ намуаднд.

Пас аз натиҷагирӣ аз маҳорати иштирокчиёни озмун ғолибону иштирокчиёни фаъол дар вазъияти тантанавӣ бо мукофотпулиҳо, сипосномаву ифтихорномаҳо ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Ҳамзамон, лоиҳаҳои қобили дастгирӣ ва дорои хусусиятҳои инноватсионӣ барои такмил ва мукаммалсозӣ ба Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷалб хоҳанд шуд.