РУШДИ КАСБИЯТИ ДОНИШҶӮЁН – АСОСИ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲ

225

(дар ҳошияи шартномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои олии таълимии бонуфузи кишвар маҳсуб ёфта, дар омода кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои муҳимми ҳаёти мамлакат ва татбиқи бомароми сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши созгорро касб намудааст.

Имрӯзҳо ҳайати бисёрҳазорнафараи донишгоҳ аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мактабу маориф ва илму фарҳанг, аз ҷумла ба Донишгоҳи миллӣ рӯҳбаланд гардида, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамунсоз қабул карда, баҳри иҷрои онҳо мудом сайъу кӯшиш доранд.

Бояд қайд намуд, ки яке аз василаҳои асосии рушди касбияти донишҷӯён ба роҳ мондани алоқаи зич миёни илм бо истеҳсолот мебошад. Дар ин самт, нақши таҷрибаомӯзӣ ва сафарбар кардани донишҷӯён ба истеҳсолот басо назаррас буда, маҳз бо ин роҳ донишҷӯ нозукиҳои касби интихобкардаашро аз худ намуда, тафаккури бойи фаъолиятро дар бахши дахлдор аз худ менамоянд.

Дар ин росто, бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 13 январи соли 2024 шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расид, ки мақсади асосӣ ва моҳияти он фаро гирифтани донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ ва дигар масъалаҳое, ки аз шартномаи мазкур бармеоянд, маҳсуб меёбад.

Воқеан, нақши Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии давлату Ҳукумати кишвар басо бузург дониста шуда, таваҷҷуҳи асосии Агентии мазкур ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тақвияти муқовимати дастаҷамъона бо омилу кирдорҳои коррупсионӣравона гардидааст. Аз ин лиҳоз, ҷалби донишҷӯён ва сафарбар гардидани онҳо ба ниҳоди мазкур, боиси баланд гардидани маърифати ҳуқуқӣ, ташаккули шахсият ва огоҳи пайдо кардан аз роҳҳу воситаҳои пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ гардида, донишҷӯён дар самти иброзшуда, донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ месозанд.