РУШДИ КАСБИЯТИ УСТОДОНУ КОРМАНДОНИ ФАКУЛТЕТИ ФАРМАТСЕВТӢ

267

Имрӯз роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва масъулини Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди донишгоҳ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пайваста курсҳои такмили ихтиоси тахассусиро роҳандозӣ менамояд.

Муддатест, ки дар партави эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) ва баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Донишкада тасмим гирифтааст, ки олимони машҳури соҳаҳои мухталифро аз хориҷи кишвар низ даъват намояд.

Ин навбат дар курси такмили ихтисосии фармасевтӣ Маҳмудҷонова Камила- муовини директори Институти илмӣ-таҳқиқотии ваксина ва зардобҳои Тошкент (Узбекистон) даъват шудааст, ки барои омӯзгорони факултети фармасевтии донишгоҳ дарс мегӯяд.

Меҳмони гиромӣ дар суҳбат бо муовини ректори ДМТ оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С.М. ва садорати факултети фарматсевтӣ ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои илмию таълимиро мавриди баррасӣ қарор доданд.