РУШДИ МУНОСИБАТҲО БО МУАССИСАҲОИ ФАРОНСА

286

Дар доираи ҳамакориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон боФаронса намояндаи дипломатӣ дар соҳаи маорифи Ҷумҳурии Фаронса, атташеи минтақавии ҳамкориҳои соҳаи маориф дар Осиёи Миёна Серж Беллинӣ ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо муовини ректори донишгоҳ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ғаффорзода И.Ғ. вохӯрӣ намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо дар робита ба ҳамкориҳои дӯстонаи Фаронса бо Тоҷикистон дар мисоли ДМТ суханронӣ намуда, аз ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Донишгоҳи миллӣ бо сохторҳои илмию таълимии Фаронса изҳори хушнудӣ намуд. Гуфта шуд, ки ташкили чунин нишасту ҳамоишҳо барои рушди устувори равобити ҳамаҷониба байни муассисаҳои ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меовард.

Дар идомаи мулоқот оид ба масъалаҳои гуногуни равобити байналмилалии ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Фаронса пешниҳодҳои судманд сурат гирифт.