РУШДИ РОБИТАҲОИ ИЛМИЮ ФАРҲАНГӢ

348

Дар самти омӯзиши забони туркӣ-тоҷикӣ ва баракс, инчунин, табодули устодону донишҷӯён ба муассисаҳои илмию таълимии Ҷумҳурии Туркия ҳамкориҳо тақвият меёбанд. Ин масъала дар вохӯрии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо сафири Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Умут Аджар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар зимн тарафҳо роҷеъ ба бастани шартномаҳои нави ҳамкорӣ миёни ДМТ ва донишгоҳҳои Ҷумҳурии Туркия, таъсиси маркази муштараки илмӣ ва курсҳои забономӯзӣ, инчунин, нашри китобҳои илмию таълимӣ табодули афкор намуданд. Гуфта шуд, ки дар яке аз донишгоҳҳои Ҷумҳурии Туркия дар баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ, инчунин, омӯзиши забони тоҷикӣ барои ҷавонон ба роҳ монда шудааст, ки онҳо аз ҷониби омӯзгорони риштаи забони форсӣ дарс дода мешаванд.