РУШДИ ЗАБОНШИНОСИИ МУҚОИСАВӢ

700

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои олмонӣ ва фаронсавии ДМТ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши забоншиносии муқоисавӣ дар рушди забони тоҷикӣ» конференсияи умумидонишгоҳии илмию назариявӣ доир гардид.

Нишаст бо сухани муқаддимавии сардори шуъбаи ахбори илмию техникии донишгоҳ Абдуллозода Р. оғоз ёфт.

Сипас маърӯзаҳои Т.Назаров «Сохтори истилоҳоти дандонпизишкӣ дар забони тоҷикӣ ва олмонӣ», Н. Раҳимов «Методикаи омӯзиши забони фаронсавӣ», О.Сафаров «Истилоҳоти клиникии забони лотинӣ», Ш.Абубакров «Омилҳои асосӣ дар ташкилу идораи раванди таълим ҳангоми корҳои гурӯҳӣ дар дарсҳои забони олмонӣ», Ф.Ҳасанзода «Таҳқиқоти забоншиносии тоҷик оид ба таърихи истилоҳот» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.