САДОҚАТ БА СУХАН. БУЗУРГДОШТИ РӮДАКӢ

421

Тибқи ахбори сарчашмаҳои адабию таърихӣ устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сермаҳсултарин шоири форсу тоҷик ба шумор меравад ва мероси адабии ӯ таваҷҷуҳи аҳли адабро бештар ҷалб кардааст. Тули 20 сол мешавад (шуруъ аз соли 2002) мо санаи 22-юми сентябрро дар саросари ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн мегирем. Ба ин муносибат дар аксар муассисаҳои олӣ ва миёнаи ҷумҳурӣ ҳамоишҳои сатҳашон гуногун ташкил карда мешавад. Ба ин муносибат тариқи оинаҳои нилгун гузоришҳои таҳлилию бадеӣ манзури дӯстодори илму адаб гардид. Дар ин рӯз аз ҷониби муҳаққиқони риштаи филологӣ, хусусан, аз ҷониби устодону донишҷӯёни факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баромадҳои гуногунмавзӯъ дар сохторҳои илмию таълимии кишвар сурат мегирад.

Имрӯз (20.09.2022) чун анъана ба ин муносибат дар факултети филологияи ДМТ бо ибтикори кафедраи таърихи адабиёти тоҷик конференсияи илмӣ-амалии донишгоҳӣ баргузор гардид. Дар ифтитоҳи ҳамоиш декани факултет, доктори илмҳои филология, профессор С. Эмомалӣ афзуд, ки «ин ҷашни ба хотири посдорону дӯстдорони бузургони сухан таҷлил мегардад».

Дар нишаст доктори илмҳои филология, профессор У.Тоиров дар мавзӯи «Мулоҳизаҳо оид ба жанрои як шеъри Рӯдакӣ», доктори илмҳои филология, профессор М.Солеҳов оид ба мавзӯи «Рӯдакӣ – аввалин нозими «Калила ва Димна»» ва номзади илмҳои филология, дотсент А.Юлдошев роҷеъ ба мавзӯи «Хутан да шеъри Рӯдакӣ» суханронӣ намуда, дар ҷараёни нишаст гурӯҳи донишҷӯёни факултет аз ашъори Одамушуарро шеърҳо ироа карданд.

Зимнан таъкид шуд, ки ашъор ва осори устод Рӯдакӣ дар тарбияи худшиносии ҷавонон хеле муҳим мебошад. Зеро мактаби бузурги шоирие, ки бунёдгузори адабиёти форсу тоҷик буд, ҳоло ҳам побарҷост ва тули садсолаҳо метавон аз ин мактаб сабақҳо бардошт.