САФИРИ ГЕРМАНИЯ: ТАҲКИМИ РОБИТАҲОИ ДӮСТОНА ТАЛАБОТИ ЗАМОН АСТ…

115

Имрӯз (17.03.2022) дар доираи сиюмин солгарди муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия  сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Андреас Протманн ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ мулоқот намуд.

Қаблан меҳмони олиқадр бо ректори донишгоҳ вохӯрӣ намуда, дар самти рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи илму таълим табодули афкор намуданд.

Сипас дар толори калони донишгоҳ вохӯрии доктор Андреас Протманн бо устодону донишҷӯёни факултетҳои муносибатҳои байналхалқӣ ва ҳуқуқшиносӣ доир шуд.  Доктор Андреас Протманн дар самти муносибатҳои дипломатии Германия  бо Тоҷикистон, аз ҷумла ҳамкориҳои илмию иқтисодӣ, илму маориф ва фаъолияти гуногунҷабҳаи хеш суханронӣ намуд. Дар интиҳо роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни илмию таълимӣ саволу ҷавоб сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия 28 феврали соли 1992 барқарор шуданд.